Ovozi.uz

Мо барои ояндаи ҳар як ҷавон масъулем!

Маҳалла ватани хурде дар Ватан аст. Дар замони имрӯза, ки босуръат ривоҷ меёбад, вазифаи асосии мо эътибор ба таълиму тарбияи фарзандонамон мебошад. Гоҳо ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки бисёр ҷавонон, аз ҷумла хонандагони мактаб ё техникуму муассисаҳои таълими олӣ вақти худро бо телефонбозӣ мегузаронанд. Саволе пайдо мешавад, ки барои назорати ин кӣ масъул аст? Падару модарон ё муаллимоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дарс медиҳанд!?
Акнун бо худ андешед, ки як хонанда ё донишҷӯ ба ҷаҳони маҷозӣ чунон пойбанд мешавад, ки ҳатто ба воқеаҳои гирду атрофаш аҳамият намедиҳад. Яъне, пиронсолон агар дар даст бори вазнин дошта бошанд ё кӯдакон аз роҳ гузашта натавонанд, ҷавонони мо ба онҳо дасти ёрӣ дароз намекунанд, беэътибор шудаанд. Дар ин мо наметавонем фақат волидайн ва ё муаллимонро айбдор донем.
Дар урфият «ба як фарзанд ҳафт маҳалла падару модар» мегӯянд. Яъне нурониёни равшанфикр, ки дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунанд, низ ба тарбияи онҳо масъуланд. Вақте мо кӯдак будем ва ҳангоми бозӣ дар кӯча байни бачаҳо ҷангу ҷанҷол шавад, даррав калонсолони кӯчаамон моро ҷудо карда «ин кори нодуруст аст ва агар такрор кунед, ҷазо мегиред» мегуфтанд.
Афсӯс, ки ҳоло аксар пиронсолон чунин ҳолатҳоро хомӯшона мушоҳида мекунанд. Оё мо калонсолон барои тарбияи неки ҳар як ҷавон масъул нестем? Чаро мо ҳоло хомӯширо ихтиёр кардаем? Агар кӯдаке дар як шабонарӯз 16—18 соатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бозиҳои мобилӣ гузаронад, ояндааш чӣ мешавад? Мехостам дар ин маврид мисоле оварам. Фарзанди як шиносам аз хурдӣ эрка буд. Дар хона чӣ гӯяд ҳамааш ҳақ ва чӣ хоҳад муҳайё мешуд. Ҳарчанд ба дӯстам фаҳмондам, ки ин кораш хуб нест, ӯ «ҳоло бача, калон шавад ба худ меояд» мегуфт. Ҳоло фарзанди дӯстамро хуб мешиносам. Ӯ мактабро базӯр тамом кард. Ба бисту панҷ даромада бошад ҳам, бо бозиҳои гуногуни мобилӣ машғул шуд. Ду сол пеш ба далели бисёр бозӣ кардани телефонҳои мобилӣ чашмаш ҷарроҳӣ шуд. Хурсандиовар аст, ки пас аз ҷарроҳии чашм ба тарафи нағз тағйир ёфт. Соли гузашта донишҷӯ шуд. Мехоҳам бигӯям, ки агар ҷавонони мо вақти гаронбаҳои худро на ба дунёи виртуалӣ, балки ба таҳсилу пажуҳиш сарф кунанд, кадрҳои зарурие шуда дар оянда ба рушди кишварамон хидмат мекунанд. Барои ин ҳамаи мо бояд ба тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, дар маврид­ҳои зарурӣ маслиҳатҳо диҳем.

Шералӣ ЙӮЛДОШЕВ, сарвари Садорати вилоятии Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон