Нависандаи ҳаҷвнигор Баҳодури Ҷаббор марди хушгӯйю хушрафторе буд. Дар деҳаи Ангаролмоси ноҳияи Самарқанд ва берун аз он ӯро ҳамчун Баҳодури маҳаллатӣ мешинохтанд.
Баҳодур Ҷабборов 20-уми январи соли 1946 ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби таълими умумӣ соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба итмом расондааст. Солҳои зиёд ҳамчун омӯзгор дар Донишкадаи педагогии Самарқанд ва дар соҳаҳои маънавияту маданияти ноҳия меҳнат намудааст.
Худ, ки ба варзиш машғул мешуд, аз ҷавонӣ ба таърихи варзиш меҳри зиёде дошт. Аз ҳамин сабаб вай номи зиёда аз 30 000 нафар варзишгари машҳури дунё, ному ҳайати дастаҳои футболи солҳои гуногунро бо тартиби муайян аз ёд медонист.
Ҳамчун зодаву парвардаи Маҳалла хушгӯйю хушкориҳои ӯ дар байни мардум машҳур гардида буданд. Бо маслиҳати дӯстон як қисми онҳоро ба рӯйи коғаз оварда, бо забони русӣ бо номи «Феномен» (2020) ба дасти чоп супурд.
Баҳодури Ҷаббор 31-уми марти соли 2021 аз олам чашм пӯшид.
Навиштаҳои ӯ бо ташаббуси фарзандонаш соли 2023 бо забони ӯзбекӣ “Ҳелло, Америка» ва соли 2024 ба забони тоҷикӣ “Ман маҳаллатӣ” чоп гардид. Таълифоти боқимондаи ӯ низ ба чоп ҳозир карда мешаванд.
Агар Баҳодури Ҷаббор имрӯз зинда мебуд, 80-солагии зодрӯзи худро дар байни аҳли оила ва мухлисонаш ботантана қайд мекард. Рӯҳаш шоду охираташ обод бошад.
