Дар соли 2025 шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки ба Ӯзбекистон ташриф оварданд, ба таври назаррас афзоиш ёфта, ба 11,7 миллион нафар расид.
Дар давоми як сол ба кишвар 11,7 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ ташриф овардаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта қариб 47 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора Кумитаи миллии статистика маълумот додааст.
Мувофиқи маълумоти он, шумораи бештари сайёҳон аз кишварҳои ҳамсоя омадаанд: аз Ҷумҳурии Қирғизистон — 3,3 миллион нафар, аз Тоҷикистон ва Қазоқистон — ҳар кадом 2,7 миллион нафар сайёҳ ба қайд гирифта шудааст. Аз Россия қариб 1 миллион нафар ба кишвар ташриф овардаанд.
Ҳамчунин, шумораи меҳмонон аз Афғонистон, Туркманистон, Чин ва Туркия ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар миёни кишварҳои Осиё, инчунин ҳиссаи сайёҳон аз Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Корея низ қайд гардидааст.
