Дар Самарқанд бахшида ба 18-уми ноябр — Рӯзи қабули Байрақи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии бузург баргузор шуд.
Чорабинӣ бо марафони пиёдагардӣ дар кӯчаи Алишер Навоии шаҳр оғоз ёфт. Дар марафон собиқадорон ва чеҳраҳои маъруф, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, варзишгарон ва донишҷӯён иштирок карда, эҳтиром ва муҳаббати нисбат ба байрақи худро нишон доданд.
Дар майдони «Кӯксарой» дар зери байрақи калон саҳнаи махсус гузошта шуд, ки дар он чорабинии тантанавӣ бахшида ба ин сана баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Фармон Тошев, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлот Тугалов ва дигарон суханронӣ карда, андешаҳои худро дар бораи байрақ, арзиши он, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва аҳамияти он дар тарбияи насли наврас баён карданд.
— Ман ба чорабинии имрӯза бо муаллимонам омадам, — гуфт хонандаи синфи 10-уми мактаби рақами 68-и ноҳияи Пайариқ Алинур Нурмуҳаммадов. — Ман расми байрақеро, ки дар портрет кашида будам, бо худ овардам. Ҳангоми кашидани ин расм эҳсоси аҷибе ба монанди ифтихор, шодӣ ва муҳаббат ба Ватан аз дилам гузашт. Байрақи мо ҳамеша ба ман қувват ва илҳом мебахшад.
