Ovozi.uz

Донишомӯзи каттақӯрғонӣ дар олимпиадаи байналмилалии математика медали тилло ба даст овард

Аз 8 то 12-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон III Олимпиадаи байналмилалии математика баргузор гардид.

Дар он зиёда аз 240 нафар хонанда аз 15 давлат иштирок намуданд.

Дар олимпиада дастаи мунтахаби Ӯзбекистон 2 медали тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби кишварамон хонандаи синфи 9-уми мактаби давлатии ихтисосонида (ИДУМ)-и ноҳияи Каттақӯрғон Ашрафҷон Равшанов соҳиби медали тилло шуд.

Ашрафҷон бори аввал ҳангоми донишомӯзияш дар синфи ҳафтум дар Олимпиадаи байналмилалии математика ва информатика ба номи Ал-Хоразмӣ иштирок намуда, медали биринҷиро ба даст оварда буд. Соли гузашта бошад, соҳиби медали нуқра гардидааст. Ҳамчунин, аз 12 то 19-уми марти соли равон дар Олимпиадаи байналмилалии математикаи Қафқоз иштирок карда, медали нуқраро ба даст оварда буд.