Рӯзҳои 14–19-уми августи соли ҷорӣ дар вилояти мухтори Нинся-Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Хитой «Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонони Нинся – 2026» баргузор мешавад.
Дар ин форуми бонуфуз намояндагони ҳайати вилояти Самарқанд ва ҷавонони фаъоли он низ иштироки арзанда доранд.
Тибқи барномаи форум, имрӯз намояндагони вилоятамон бо мақсади табодули таҷриба миёни минтақаҳо ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои амалӣ аз фаъолияти корхонаҳои пешрафтаи саноатӣ ва маҷмааҳои муосири агросаноатии Нинся боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо ҷавонони мо бо технологияҳои инноватсионие, ки дар истеҳсолот ва соҳаи кишоварзӣ татбиқ шудаанд, бевосита шинос гардиданд.
Ҳамчунин, дар мавриди мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона миёни ҷавонони кишварҳои гуногун андешаҳо ва таҷрибаи муҳим мубодила карда шуд.
