Солҳои аввали фаъолият дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» буд. Рӯзе муҳаррири навбатдор будам. Саҳифаеро мехондам, ки котиба омада гуфт:
— Раҳмонов муҳаррири навбатдор ва навбатдорро ҷеғ зан гуфтанд.
— Ҳозир, — гуфтам ва пай бурдам, ки хатое гузаштааст. Чунки муҳаррир беҳуда навбатдоронро намепурсиданд. Вақте вориди утоқи муҳаррир шудем, сар аз саҳифа бардошта:
— Имрӯз кӣ муҳаррири навбатдор? — пурсиданд.
— Ман, — гуфтам.
— Як савол: Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?
— Соли 1875 дар Самарқанд.
— Ҷалол Икромӣ кай, дар куҷо таваллуд шудааст?
— Агар хато накунам, соли 1909 дар Бухоро.
— Хуб фаҳмо. Дар ин мақолае, ки дар саҳифаи сеюм меравад, навишта шудааст, ки «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, бо як қатор адибони маорифпарвар ва бедорфикр аз қабили Сиддиқии Аҷзӣ, Ҳоҷӣ Муин, Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва ғайра мулоқотҳои адабӣ ташкил мекард». Вақте ки Беҳбудӣ вафот кард, Ҷалол Икромӣ ҳамагӣ даҳсола буд. Оё мумкин аст, ки онҳо бо ҳам мулоқоти адабӣ карда бошанд?
— Не, — бо як овоз гуфтем мо.
— Агар мақола бо ҳамин хато чоп шавад, хонандагон дар бораи мо чӣ меандешанд? Шумо чӣ хел ин хаторо гузарондед?
— Беэътиборӣ кардаем, — гуфтем.
— Дар кори рӯзнома беэътиборӣ намешавад. Рӯзноманигор бояд ба ҳар як навишта, ҳар як маълумот эътибор диҳад. Ба ҳар як сол, шахсият, факт бо назари шубҳа нигоҳ кунад. Агар дар мавриди ягон чиз дудилагие пайдо шавад, ҳатман манбаъҳоро аз назар гузаронад. Яке аз василаҳое, ки бартарии рӯзномаро аз дигар намуди воситаҳои ахбори оммавӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ин боваринокии маълумотҳо мебошад.
Мо хатои худро фаҳмидем ва ин таҷриба то ҳол ба кор меояд.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД
©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»
