Дар идораи рӯзнома шояд аз ҳама корманди пешинатарини мудири шӯъба, адибу рӯзноманигор Тошқул Азимзода ботамкинтар ходим набошад. Худ сарбаланд асту ин сарбаландиро аз сари хаму сабурӣ ёфтааст.
Рӯзе мисли одати дерина бо сари хам мегашт, ки аз наздаш телефони дастӣ баромад. Ба атроф нигарист, ки касе нест. Зеро ин марди худшинос мехост пурсад, ки ин телефони кист?
Дид, ки аз атроф садое нест, телефонро ба даст гирифту сӯи корхона равон шуд.
Ҳамкорон гуфтанд, ки имрӯз зодрӯзи мудири хоҷагии идораи рӯзномаҳои вилоятӣ Аҳрор Ҷалолов аст.
Азимзода хеле хурсанд шуд. Охир, як ҷавонмарди хоксор рӯзи мавлуд дорад, бояд ягон тӯҳфа супурд!
Киссаашро дид, ки маблағи лозима нест, телефонро аз ҷузвдони миз бароварда, ба ҳамкораш Озод Ҳамидзода нишон дода гуфт:
— Озодҷон, ҳамин аппаратро аз роҳ ёфтам. Ба Аҳрорҷон тӯҳфа кунам, чӣ хел мешавад?
— Бисёр хуб. Охир Аҳроракем кайҳо боз мехоҳанд, ки телефони дастӣ харанд, — ҷавоб дод Озод ва «тӯҳфа»-ро ба даст гирифту афзуд:
— Муаллим, фаҳми ман ба ин телефон нарафт. Чӣ хел, ки хеле сабук ё дарунашро гирифтаанд-мӣ?
— Намедонам. Хайр, Аҳрор таъмир мекардагист!
Ҳамин тавр он рӯз атрофиён Аҳрор Ҷалоловро ҳам бо зодрӯзу ҳам бо телефони дастӣ муборакбод гуфтанд. Тошқулакаи саховатманду дасткушодро дуо карданд. Шодии мудири хоҷагӣ ҳадду канор надошт. Ба ҷои як «ҳақ», ду «ҳақ» дод. Ба рӯи дастархон ба ҷои як хӯрок ду хӯроки гарм гузошт.
Ва худи ҳамон рӯз «тӯҳфа»-и қиматтаринро гирифта ба усто бурд. Вале, кош намебурд!
Ба вай гуфтанд, ки ин аппарат қалбакӣ аст. Аҳрор Ҷалолов бовар накард. Баръакс шӯрид:
— Телефон чӣ хел қалбакӣ мешавад. Дуруст, ки карда наметавонед, ҳамин хел мегӯед-дия!
— Не, акаҷон, мо муштариёнро хафа намекунем. Фирмаи ин телефон ҳам барои хафа накардани миҷозҳояш ҳамин хел реклама баровардааст…
Аҳрор Ҷалолов чизе нагуфт, вале худ ба худ андешид: «Тошқулакем барои хафа накардани ман, инро додаанд, ман барои хафа нашудани ҳамкорон зиёфат додам, усто барои хафа накардани ман росташро гуфту монд. Акнун чӣ?!»
Котиб-ул-ҳуруф
(«Овози Самарқанд», № 23, 1-уми июни соли 2007).
©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»
