Ovozi.uz

Муроҷиатҳои ҷавонони каттақӯрғонӣ шунида шуд

“Вохӯрии роҳбар ва ҷавонон”-и навбатӣ бо иштироки сарвари Садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатӣ А.Аҳмадов дар ноҳияи Каттақӯрғон гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ, ки ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ.Тӯхтаев, прокурори вилоят М.Эшназаров, роҳбарони секторҳо ва масъулони ташкилотҳои мутасаддӣ иштирок карданд, муроҷиати беш аз 100 нафар ҷавонон шунида шуд.
Дар оғоз сарвари садорат ҷавононро барои огоҳ будан аз хатарҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд, даъват кард.
– Соли 2022 фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ, ки барои анҷом додани амалӣ терористӣ дар шаҳри Тошканд омодагӣ медиданд, пешгирӣ карда шуд, — гуфт А.Аҳмадов. – Бино ба маълумотҳо дар байни онҳо донишҷӯён низ будаанд. Аз вазъи кунунии кишварҳои ҷаҳон хулоса бароварда, бояд аз имкониятҳое, ки барои таълим гирифтан, бо варзиш шуғл варзидан, забон, технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар омӯхтани ҷавонони мо фароҳам гардидаанд, босамар истифода барем.
Дар рафти вохӯрӣ ҷавонон асосан аз рӯйи масъалаҳои оғози фаъолияти тадбиркорӣ, ҷудо кардани замин, кредити имтиёзнок, ривоҷдиҳии соҳаи технологияҳои ахборӣ, ташкили майдончаҳои варзишӣ, кушодани маркази таълимӣ ва ғайра муроҷиат карданд.
Сокини маҳаллаи Ҷизмонсойи ноҳия Нурулло Турсунов дар соҳаи чорводорӣ таҷриба доштан ва барои рушди соҳа нақшаи тиҷоратӣ таҳия кардани худро гуфта, барои ҷудо кардани кредити имтиёзнок кӯмак пурсид. Зикр гашт, ки муроҷиат аз тарафи мутасаддиён омӯхта шуда, дар ҳалли он ёрӣ расонида мешавад.
Шуҳрат Эшпӯлодов, ки аз маҳаллаи Наймани ноҳия омада буд, бекор будани худ ва аъзои оилаашро гуфта, барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ замин пурсид. Ба ӯ гуфтанд, ки замини холие, ки дар захираи ҳокимияти ноҳия аст, тавассути музояда ҷудо карда мешавад.
Дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба хато ва камбудиҳое, ки дар самти кор бо шаҳрвандони бекор, дар рӯйхати мигратсия ва пробатсия қарордошта, ҷавонони тарбияашон вазнин мушоҳида мешаванд, ҳарф зада, аз рӯйи ҳалли саривақтии муаммоҳо ба масъулон супориш дода шуд.