Тақдимоти парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқи вилоят дар Хитой

Имрӯзҳо ҳайати ҳокимияти вилоят ва тадбиркорон бо дастгирии консулгарии генералии кишварамон дар Шанхай аз як қатор провинсияҳои Хитой дидан карда, бо ҳампешагони худ таҷриба иваз мекунанд.
Ҷонишини ҳокими вилоят Шунқор Худойбердиев, фермер ва тадбиркорони вилоят дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” дар намоишгоҳи рушди саноати полезу сабзавот иштирок карданд.
Ҳоло таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ яке аз масъалаҳои муҳими кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 1,2 миллиард тонна маҳсулоти сабзавот руёнда шуда, 898,2 млн. Тоннаи он бо давлатҳои Осиё рост меояд. Дар кишвари мо низ соле ба ҳисоби миёна қариб 8,5 миллион тонна маҳсулоти сабзавот руёнда мешавад.
Дар намоишгоҳ тақдимотҳо вобаста ба парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар вилоят гузаронида шуд.
– Дар Самарқанд барои инвесторони хориҷӣ баҳри рушди инвеститсия ва тиҷорати муштарак муҳит ва инфрасохтори муносиб фароҳам гардидааст, — гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Шунқор Худойбердиев. – Бахусус, мо ҷонибдори рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд бо соҳибкорони чинӣ дар бахшҳои логистика, электротехника, кимиё, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи муосири сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ҳастем. Ҳоло ноҳияҳои Тайлоқ, Самарқанд, Ҷомбой, Булунғур ва оқдарёи вилоят ба парвариши меваю сабзавот ихтисосонида шудаанд. Дар ин минтақаҳо беш аз 40 намуди сабзавотҳо парвраиш карда мешавад. Акнун мо мехоҳем зироати сабзавоти ноанъанавиро, растаниҳои дорувориро, ки барои саломатии инсон муҳиманд ва дар ҷаҳон талабот зиёд аст, роҳандозӣ кунем. Бахусус, ҳоло технологияи дар шароити хоку иқлими худамон рӯёндани спарҷа, бамия, карад, манголд, артишок, батат, карами Брюсселро таҳия карда, ин маҳсулот дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар фурӯхта мешавад.
Намояндагони вилоятамон бо фаъолияти минтақаҳои саноатии якчанд шаҳрҳои провинсияҳои Чжетсзян ва Сзянсу низ шинос шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ