Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории барои соли 2024 пешбинишуда бо иштироки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов баррасӣ шуд.
Дар ҷамъомад, ки масъулини ҳокимияти вилоят, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд, лоиҳаҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои роҳбарон ба хориҷа, инчунин, дар асоси тавофуқномаҳо бо ҳайатҳои доираҳои корчаллони кишварҳои хориҷӣ, ки дар доираи ташрифи онҳо ба мамлакат имзо шуда, амалӣ мегарданд, муҳокима карда шуданд.
Аз ҷумла, эътироф гардид, ки дар ҷараёни сафари кории ҳайати вилоят ба Ҷумҳурии Мардумии Хитой оид ба татбиқ кардани беш аз 260 лоиҳа дар ҳамкорӣ ба созиш расиданд. Ҳоло саривақтӣ амалӣ намудани ҳар як лоиҳа ва барои ин фароҳам овардани шароиту имкониятҳо муҳим аст.
Б.Саидов зикр кард, ки дар вилоят барои ба як маркази бузурги тадбиркорӣ табдил додани Самарқанд, ҷалби фаъоли инвеститсия ва бунёди корхонаҳои замонавӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Инчунин, зарурати истифодаи самараноки инфрасохтори минтақаҳои хурди саноатӣ ва минтақаҳои иқтисодиро таъкид кард. Ёдовар кард, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамеша барои роҳандозии мулоқотҳои судманди ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва тадбиркорон бо ширкат ва соҳибкорони хориҷӣ, дастгирии ташкили форумҳои тиҷоратӣ дар ҳамкорӣ омода аст.
Дар навбати худ, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов оиди дар муддати кӯтоҳ ба роҳ мондани лоиҳаҳои зикршуда бо истифодаи самараноки инфрасохтори мавҷудаи вилоят, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва зарурияти афзунсозии иқтидори иқтисодии вилоят ҳарф зад. Ба вазифаҳое, ки дар назди масъулон қарор дорад, эътибор дод.
Самарқанд ба маркази бузурги тиҷоратӣ табдил меёбад
