Дар маркази матбуоти Комиссияи интихоботии вилоят анҷумани навбатии матбуотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки намояндагони васоити ахбори оммавии вилоят ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ иштирок намуданд, роҷеъ ба рафти омодагӣ ба интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва вакилони Шӯрои маҳаллӣ, ки 27-уми октябр гузаронида мешавад, маълумот дода шуд.
— Комиссия дар доираи ваколатҳои худ оид ба ташкил ва тайёрӣ ба интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Шӯроҳои намояндагони халқии вилоят, ноҳия ва шаҳр тадбирҳои заруриро ба амалӣ мегардонад, — гуфт раиси Комиссияи ҳудудии интихобот Хоҷақул Муҳаммадиев. — Ҷараёни асосии интихобот, яъне овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботӣ мегузарад. Имрӯзҳо дар вилоятамон 1130 қитъаи интихоботӣ барои мувофиқи тартиби мавҷуда ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳо ва интихобкунандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар қитъаҳои интихоботӣ маълумот дар бораи номзадҳо, намунаи бюллетени аз тарафи Комиссияи марказии интихоботӣ тасдиқшуда ва тартиби пур кардани он гузошта мешавад. Инчунин, плакатҳо бахшида ба санаи интихобот, харитаи қитъаи интихоботӣ, ҳайати аъзои комиссияи қитъа, нақшаи корӣ, ҷадвали навбатдорӣ, телефони боварӣ ё суроғаи почтаи Комиссияи марказии интихоботӣ оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, комиссияи ҳавза, шумораи телефони суди дахлдори ноҳия (шаҳр) ва прокуратура маълумотҳо низ гузошта шудаанд.
Барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсии дар интихоботи намояндагони Палатаи қонунгузорӣ ва Шӯроҳои маҳаллӣ, инчунин тарҷумаи ҳол ва барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба депутатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба тамоми 1130 қитъаи интихоботии вилоят расонида шуданд. Барномаҳо дар қитъаҳои интихоботӣ ва маҳалҳои аҳолинишини вилоят тибқи тартиби муқарраршуда гузошта шудаанд.
Мувофиқи Кодекси интихобот, интихобкунандае, ки дар рӯзи интихобот наметавонад дар ҷои истиқоматаш бошад, ҳуқуқи пеш аз мӯҳлат овоз доданро дорад. Ин раванд рӯзи 16-уми октябр оғоз ёфта, худи ҳамон рӯз 4 ҳазору 777 интихобкунанда дар миқёси вилоят пеш аз муддат овоз доданд.
Барои пеш аз мӯҳлат овоз додани интихобкунандагон аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ барои ҳавзаи интихоботии якмандатӣ ва ҳавзаи интихоботии ягона, яъне ду намуди интихоботи Палатаи қонунгузорӣ ва Шӯрои намояндагони депутатҳои халқи вилоят, ноҳия ва шаҳр ба миқдори 10 дарсади шумораи умумии интихобкунандагон бюллетенҳои интихоботии тақдимгардида, ба коммисияҳои интихоботии қитъа фиристода шудааст.
Ҳоло рӯйхатҳои интихобкунандагон аз Системаи иттилоотии идоракунии равандҳои интихоботӣ (СИИРИ) дар қитъаҳои интихоботӣ гирифта шуда, барои шинос шудани ҳама ба стендҳо гузошта мешаванд.
Дар анҷумани матбуотӣ таъкид гардид, ки то имрӯз 65 нафар кормандони васоити ахбори оммавии вилоят аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот аз аккредитатсия гузаронида шудаанд.
Маркази матбуоти Комиссияи интихоботии вилояти Самарқанд.
