Ovozi.uz

Самарқанд мизбони мусобиқаҳои триатлон

Дар шаҳри Самарқанд оид ба варзиши триатлон Чемпионати Ӯзбекистон ва мусобиқаи байналмилалии «Challenge Samarkand» оғоз ёфт, ки рӯзҳои 6–8‑уми сентябри соли ҷорӣ гузаронида мешаванд.
Мусобиқаҳо бо ҳамкории Федератсияи триатлони Ӯзбекистон, Вазорати варзиш, Кумитаи олимпии миллӣ, Ҳокимияти вилояти Самарқанд гузаронида шуда, дар он зиёда аз 2 ҳазор варзишгарони зиёда аз 25 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. 15 нафари онҳо варзишгарони профессионалии тоифаи ҷаҳонӣ буда, Густав Эден, Кристиан Блумменфелти норвегӣ, Рико Богени олмонӣ ва Лаура Мадсени данияӣ аз ин ҷумлаанд.
— Мақсади асосӣ аз гузаронидани мусобиқаи байналмилалии «Challenge Samarkand» рушди ин варзиш дар кишварамон ва ҳарчи бештар фаро гирифтани аҳолӣ бо варзиш мебошад, — гуфт саркотиби Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Элена Кун. — Мо аз саросари ҷаҳон мухлисони зиёдро ҷалб менамоем. Дар ин мусобиқа ҳар як варзишгар иштирок карда метавонад. Мо ба онҳо ёрӣ дода, дастгирӣ ва роҳ нишон медиҳем, барои рушди варзиши триатлон дар кишварамон тамоми саъйу кӯшиши худро дареғ намедорем. Мо ба воситаи ташкили ин мусобиқаҳо соҳаи сайёҳӣ ва айнан сайёҳии варзиширо ривоҷ доданием. Дар чемпионати миллӣ варзишгарони беҳтарин муайян мегарданд ва аз онҳо дастаи яккачин ташаккул меёбад. Дар мусобиқаҳои занона Алина Ҳакимоваи самарқандӣ ширкат меварзад.
6‑уми сентябр, рӯзи аввали мусобиқа дар канали заврақронии Самарқанд ба Чемпионати Ӯзбекистон старт дода шуд. Дар он варзишгарони аз синни 18‑сола боло дар баҳсҳои шиноварӣ ба 750 метр, пойгаи дучархаронӣ ба масофаи 20 километр, давидан ба 5 километр ширкат варзиданд.
Дар дастури элита миёни мардон Александр Куришов ба марра аввалин шуда омада, сазовори ҷои якум гардид. Ҷойҳои баъдӣ ба Алексей Макаров ва Султон Алиев насиб кард.
Дар қисми дуюми рӯз барои ходимони васоити ахбори оммавӣ ба муносибати рӯзи 7-уми сентябр оғоз ёфтани мусобиқаи байналмилалии «Challenge Samarkand» анҷумани матбуотӣ ташкил карда шуд.
Дар он иҷрокунандаи вазифаи директори ташкилоти “Challenge Family” Йорт Влам, саркотиби федератсияи триатлони Ӯзбекистон Элена Кун, ҷонишини аввали раиси федератсия Фаррух Носиров, инчунин, варзишгарони номӣ, аз ҷумла Густав Эден, Кристиан Блумменфелт, Рико Боген, Лаура Мадсен, Никол Ван Дер Кай ва Алина Ҳакимова ширкат варзиданд.
Дар рафти анҷуман варзишгарони хориҷӣ дар бораи таассуротҳои аз Самарқанд бардоштаи худ, ҷараёни омодагиҳо ва нақшаҳои минбаъда ҳарф зада, натиҷаи мусобиқаро тахмин карданд.
— Ба мо пеш аз оғози мусобиқа шаҳри Самарқандро нишон доданд, — гуфт Никола Ван Дер Кай, варзишгар аз Зеландияи Нав. — Тамошои масҷиду мадрасаҳо, обидаҳои муқаддас, ҷойҳои таърихии шаҳр ба мо ҳузуру ҳаловат бахшид ва кайфияти моро хуш кард. Афсӯс, ки ҳанӯз ба чашидани таомҳои миллии ӯзбекистониён муяссар нагардидаем. Аммо каме ҳам бошад, бо таърих, фарҳанг ва маданияти ин ҷо ошно гардидем.
— Самарқанд шаҳри аҷоиб аст ва ман умедворам, ҳамин тавр мемонад, — гуфт Лаура Мадсен. — Ҳавои ин ҷо каме гармтар будааст. Моро лозим аст, ки бештар об нӯшем ва талаби ба об доштани баданро қонеъ гардонем. Ба фикри ман, иштироки бонувон дар триатлон хеле хуб аст. Фақат занҳоро дастгирии мустаҳками оила лозим меояд. Ман бесаброна интизори оғози мусобиқа мебошам.
Анҷуман бо саволу ҷавобҳо идома ёфт.