Ovozi.uz

Дастаҳои «Насаф» ва «Навбаҳор» иштироки худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё идома медиҳанд

Шогирдони Рўзиқул Бердиев (“Насаф”) дар финали 1/8 -и ЛҚО бо клуби «Ал-Айн» қувва озмоянд, шогирдони Самвел Бабаян (“Навбаҳор”) бо клуби «Ал-Иттиҳод» бозӣ мекунанд. Ҳар ду клуб рӯйхати бозингаронашонро эълон кардаанд.
Хотиррасон мекунем, вохӯрии «Насаф» — «Ал-Айн» рӯзи 14-уми феврал дар Қаршӣ баргузор мегардад. Вохӯрии ҷавобӣ рӯзи 21-уми феврал дар Аморати Муттаҳидаи Араб шуда мегузарад. “Навбаҳор” рӯзи 15-уми феврал меҳмони клуби “Ал-Иттиҳод” мешавад. Рӯзи 22-юми феврал футболбозони Арабистони Саудӣ меҳмони “Навбаҳор” мегарданд.