Дишаб дастаи «Реал Мадрид» дар бозии дуюми нимниҳоии Суперҷоми Испания бар «Малорка» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд ва ба финали ин мусобиқа роҳ ёфт.
Дар бозӣ Ҷуд Беллингем ва Родриго гол заданд. Дар дақиқаи 90+2-и бозӣ капитани «Малорка» Мартин Валиенте ба дарвозаи худ гол зад.
Акнун дар финали мусобиқа «Реал Мадрид» бо рақиби ашаддии худ «Барселона» рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозӣ 12-уми январ, соати 23:55 ба вақти Тошканд оғоз мешавад.
Бояд хотиррасон кард, ки «Барселона» пас аз пирӯзӣ бар «Атлетик Билбао» ба финали Суперҷом баромада буд.
