Ovozi.uz

Гигиенаи шахсӣ: чанд маълумоти ҷолиб

Гигиенаи шахсӣ маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт аст, ки иҷрои онҳо баҳри тандурустии одам мусоидат мекунад.
Гигиенаи шахсӣ барои вакилони синну соли гуногун чунин қоидаҳои умумиро дорад:
– ивази меҳнати фикрӣ ва кори ҷисмонӣ;
– варзиши ҷисмонӣ;
– истеъмоли мураттаби хӯроки хушсифат;
– меҳнату истироҳат;
– хоби бофароғат ва ғайра.
Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, кӯрпаву болин, сарулибос, манзил ва риояи тозагӣ ҳангоми пухтупаз низ тааллуқ дорад.
Тозагии бадан яке аз шартҳои асосист.
Агар ба гигиенаи шахсӣ риоя накунем…
Дар ҳолати риоя накардани гигиенаи шахсӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мешавад. Масалан, агар обро ноҷӯшонида истеъмол намоед, он инсонро ба бемории дарунравӣ мувоҷеҳ мегардонад.
Дар ҳолати риоя нагардидани тозагии зери бағалу дигар талабот дар бадан хориш пайдо мешавад. Инчунин, шахс ҳангоми нашустани дастону нагирифтани нохунҳо, ҳама гуна бактерияву микробҳои зери нохунҳо ҳангоми истеъмоли хӯрок вориди организм мешавад ва сабабгори бемориҳои рӯдаю меъда мегардад.
Тавсияҳои муҳим
Шахс субҳгоҳӣ, ҳангоми аз хоб хестан, аввалан бояд ба машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ машғул гардида, сипас дандонҳои худро пок созад ва баъдан ба ношто машғул шавад. Дар субҳ ба варзиш машғул гардидан хеле манфиатнок буда, тамоми моддаҳои биологии организм фаъол мешаванд. Чун инсон дар як рӯз се маротиба хӯрок истеъмол менамояд, пас аз истеъмоли хӯрок хоидани сақич хуб аст. Он боқимондаҳои хӯрокро аз даҳон тоза сохта, бӯи даҳонро низ бартараф месозад. Пеш аз хоб низ шустани дандонҳо тавсия дода мешавад.

П.АБДУНАЗАРОВ, шифокор