Ovozi.uz

Ошноии сармоягузорони Хитой ва Эрон бо салоҳияти вилоят

Роҳбари вилоят Адиз Бобоев бо сармоягузорони чинӣ ва эронӣ музокираҳо гузаронид.

Даставвал вай бо директори ширкати «Sin Shi Di» Ванг Хи Ёнг вохӯрд. Соҳибкори хитоӣ таъкид намуд, ки сармоягузорони чинӣ дар ноҳияи Нурободи вилоятамон ташкил намудани Минтақаи саноатии фан-технологияҳои Хитойро мехоҳанд.

Дар вохӯрӣ маълум карда шуд, ки сармоягузорон ба 125 гектар майдони замини минтақаи нави саноатӣ хоҳиши истеҳсоли ҷузъҳо барои мошинсозӣ, таҷҳизоти вентилятсионӣ барои дастгоҳҳои энергияи сабз, гидротурбинаҳо барои нерӯгоҳҳои барқии фотоэлектрикӣ, таҷҳизоти «ақлнок»-и равшании шабона, трансформаторҳои барқӣ, маҳсулоти гигиенӣ барои меҳмонхонаҳо, технологияҳои сарфакунандаи об дар соҳаи кишоварзӣ, нӯшокии салқин ва маҳсулоти дигарро маълум кардаанд. Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки дар доираи қонун ба сармоягузорон барои бунёди Минтақаи саноатии фан-технологияҳои Хитой кӯмак мерасонад.

Инчунин, роҳбари вилоят бо ҳайати намояндагони таҳти сарварии сармоягузори эронӣ, асосгузори ширкати «Nika Group» Маҳмуд Рустамободӣ низ вохӯрд. Компанияи «Nika Group» бо фаъолияти хизматрасонӣ ба лоиҳаҳои электротехника, кӯҳ-маъдан ва сохтмон сару кор дорад.

Дар давоми вохӯрӣ навовариҳо дар фаъолияти соҳибкорони эронӣ ва ҳамкориҳои ояндадор дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои дар Самарқанд якҷоя баровардани анҷомҳои электротехникӣ, ба онҳо хизмат расонидан муҳокима карда шуд. Сармоягузор ба истихроҷ ва коркарди каолин дар вилоят таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. А.Бобоев ба ӯ дар бораи салоҳияти вилоят маълумоти муфассал дод. Дар мулоқот ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок низ эътибори махсус нигаронида шуд.