Ovozi.uz

Мақсад: ривоҷдиҳии дӯстӣ ва ҳамкорӣ

Рӯзи 24‑уми феврал ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Туркия таҳти сарварии Президенти Агентии ҳамкорӣ ва мутобиқгардонии (АҲМТ) Серкан Каялар аз Самарқанд дидан карданд.
Аввал дар консулхонаи Ҷумҳурии Туркия дар Самарқанд вохӯрӣ баргузор гардид. Серкан Каялар бо сарконсули Туркия дар Самарқанд Салиҳ Ҷанер сӯҳбат карданд.
Ҳайати намояндагон инчунин, ба Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ воқеъ дар Самарқанд рафтанд. Дар вохӯрӣ бо роҳбарияти институт масъалаҳои инкишофи ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ муҳокима гардиданд. Дар анҷом президенти АҲМТ Серкан Каялар ва ректори Институти байналмилалии тадқиқотҳои Осиёи Марказӣ Эврен Рутбил меморандум имзо карданд.
— Ба фикрам, ташриф ба Ӯзбекистон ҳамкориро ба зинаи нав мебардорад, — гуфт Серкан Каялар. — Дар давоми мулоқотҳо дар Тошканд ба созишҳои муҳим муяссар шудем. Саёҳати имрӯзаи мо дар Самарқанд низ хеле босамар гузашт. Самарқанд — дили Ӯзбекистон. Ба таърифи он забон лол аст. Ман хурсандам, ки ба чунин замини муқаддас қадам гузоштам. Дар рафти ташрифамон бо Институти байналмилалии тадқиқотҳои Осиёи Марказӣ меморандум имзо кардем.
Ин барои инкишофи робитаҳои байни мо хидмат хоҳад кард. Мақсади мо боз ҳам ривоҷ додани дӯстӣ ва ҳамкориҳо аст.