Донишомӯзро бе ҷузвгир (сумка, портфел)-е, ки дар он дафтару китобҳои дарсӣ ва асбобҳои таълимии дигари ӯ ҷой гирифтаанд, тасаввур карда намешавад. Ҳоло ҷузвгир (рюкзак)-ҳои дубастадор, ки ба пушт мегиранд ва вазни борро байни китф ва мушакҳои пушти бача ба таври мутаносиб тақсим мекунад, васеъ расм шудаанд. Он мусоид ва зебо аст, албатта. Вале калонсолон аксаран ба шакли ҷузвгир эътибор медиҳанду фаромӯш мекунанд, ки ба вазни китобҳои дарсӣ ва асбобҳои таълимии дигар, ки фарзандашон ҳар рӯз ба мактаб бардошта меравад, низ бояд эътибор дод.
Бинобар ин ба он бисёр гувоҳ мешавем, ки донишомӯзон дар аксарияти ҳол ҷузвгири ҳаҷмаш калон ва вазнинро бардошта ба мактаб мераванд. Аз ҳама беш дар мактабҳои бисёрқабата аз ифодаи рӯи донишомӯзон, ки аз зинаҳо боло мебароянд, хеле вазнин будаги ҷузвгирро ҳис карда, роҳгардии номутаносиби онҳоро мушоҳида намудан душвор нест. Бачаҳое, ки ҷузвгири вазнин мебардоранд, бисёр вақт ба муаммоҳое, ки бо сутунмӯҳра вобаста аст, рӯ ба рӯ мешаванд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҷузвгири мактаб сабаби дар донишомӯзон васеъ паҳн шудани дарди миён мешавад. Инчунин, метавонад ба сутунмӯҳра ва тиззаҳо зарар расонад, ба зӯроварӣ ба китф ва мушакҳом пушт сабаб шавад.
Ҷузвгири мактаб вазни идеалӣ дорад
Тадқиқоте нест, ки меъёри вазни ҷузвгири мактабро муайян кардааст. Вале баъзе омилҳо дар ин масъала аҳамияти муҳим доранд. Мисол, вазни бача, тайёрии ҷисмонии ӯ, вақти кашондани бор ва масофаи он, сифати ҷузвгир ва ғайра.
Хӯш, дараҷаи вазнинии ҷузвгири донишомӯз бо кадом меъёрҳо муайян карда мешавад? Дар даври мактабхонӣ, ки яке аз зинаҳои хеле муҳими инкишофи бача аст, ҷузвгири вазнин ба саломатии ӯ то ба кадом дараҷа метавонад зарар расонад? Ҳангоми интихоби ҷузвгир ба чиҳо бояд эътибор дод?
— Дар мактабҳои таълими умумӣ ҷараёни таълим, ҷадвалҳои дарс, вақти танаффус, умуман сарбории таълим ва ҳатто вазни ҳамон китобҳои дарсӣ бар асоси қоида ва меъёрҳои санитарии дар амалбуда ба тартиб оварда мешаванд, — гуфт мудираи шӯъбаи гигиенаи бачаҳо ва наврасони садорати Кумитаи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ дар шаҳри Тошканд Дилфуза Ҳикматова ва илова кард:
— Мувофиқи он вазни маҷмӯи рӯзонаи китобҳои дарсӣ ва маводҳои навишт барои донишомӯзони синфҳои 1–2 аз 1,5, 3–4 аз 2, 5–6 аз 2,5, 7–8 аз 3,5 ва 9 аз 4 кило набояд зиёд бошад. Бар асоси бисёр дастурамалҳо вазни ҷузвгир аз 10–15 фоизи вазни бача, мисол барои бачаи вазнаш 40 кило набояд аз 4–6 кило зиёд бошад.
Падару модарон чӣ мегӯянд?
Эътирози падару модаронро нисбати вазни ҷузвгир борҳо шунидаем.
— Фарзандҳои калониам дар синфҳои 8 ва 9, хурдиам дар синфи 1 таълим мегиранд. Ба интихоби дафтар ва ручкаи онҳо он қадар эътибор намедиҳам, — гуфт Саодат Тӯрабоева. — Маро як муаммо азият медиҳад: вазни ҷузвгири мактаб. Аз ҳама беш ҷузвгири донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ дар ҳақиқат вазнин аст. Роҷеъ ба ин масъала ба роҳбари синфаш таклифамро гуфтам: донишомӯзон бо ҳампартаи худ аз як китоби дарсӣ истифода баранд, яъне фарзанди ман китоби забони модарӣ, ҳампаҳлӯаш китоби математикаро биёрад. Вале омӯзгор рухсат надод. Вай ҳам чӣ кор кунад, агар тартиб ҳамин хел бошад.
Китоб ва дафтарҳои машқ, либосҳои варзишӣ — дар рӯзҳое, ки дарси маданияти ҷисмонӣ ҳаст… Аз сабаби набудани боварӣ ба сифати хӯрокҳои ошхонаи мактаб ба ҷузвгири фарзандамон об ва хӯрок ҳам меандозем. Азбаски барои китобҳои дарсӣ коғази босифатро истифода бурдаанд, онҳо ба донишомӯзон вазнинӣ мекунанд. Аз ба даст гирифтани ҷузвгири онҳоро меҳаросам, ба бачаҳо раҳмам меояд.
Соли гузашта духтури ортопед ба фарзандонам ташхис гузошт. Ба таври соддатар фаҳмонам, сутунмӯҳраи яке ба дарун, дигаре ба берун каҷ шудааст. Як савол маро ба андеша водор мекунад? Бо китоби аз коғази сифатнок (китоби дарсии сифатнок не!) мехононем гуфта, фардо авлоди маъюбу маҷрӯҳро тарбия намекунем? Падару модароне, ки инро мефаҳманд, бо кам кардани ашёи даруни ҷузвгири фарзанд, билохира ҷузвгирро худашон бардошта, муамморо ҳал мекунанд. Вале донишомӯзони дигар чӣ? Ман умед дорам, ки ташкилотҳои давлатии дахлдор ба ин муаммо ҳалли дуруст меёбанд.
Чунин эътирозҳо пайваста ба гӯш мерасанд. Боз як ҷиҳат: дар шаҳрҳо падару модарон мумкин донишомӯзро ба мактаб бурда, оваранд. Ҷузвгири вазнинро низ мебардоранд. Вале дар деҳот бачаҳо аз синфи як худашон ба мактаб равуо мекунанд. Чунки кӯчаву маҳалла ва одамон шинос ҳастанд. Зиёда аз ин дар ин ҷо ба мактаб бо нақлиёт намераванд. Ҳар рӯз ҷузвгири вазнинро бардошта, пиёда ба мактаб рафта, оқибат китобҳои дарсиро ба даркориву нодаркор ҷудо мекунанд ва «он қадар ҳам зарур набудаашро» дар хона мегузоранд. Дар ин ҷо ба ташаккули лоқайдӣ, бепарвоӣ ба дарсҳо гувоҳ мешавем.
— Бача одатан кӯшиш мекунад аз фанне, ки хубтар мефаҳмад, баҳо гирад, — гуфт магистранти ДМӮз Нафиса Салимова. — Пас аз хатми зинаи бакалаври донишгоҳ муддате дар мактаби 17‑уми ноҳияи Шерободи вилояти Сурхандарё кор кардам. Ҳангоми сӯҳбат бо донишомӯзонро мушоҳида мекардам. Маълум шуд, ки шумори донишомӯзони иштиёқи хубтар азхуд кардани фанҳое чун кимиё, физика, география ва геометрияро дошта, кам аст. Донишомӯзоне, ки мехоҳанд вазни ҷузвгири худро кам кунанд, китобҳои дарсии ин фанҳоро дар хона гузошта меоянд.
Оё дар чунин вазъият шавқмандии донишомӯзро ба фанҳое, ки азхуд кардани онҳо душвор аст, зиёд карда метавонем. Маънои аз бардоштани бори вазнин гурехтан — ҷудо кардани китобҳои дарсӣ ба тоифаи муҳим ё ки муҳим набуда, ташаккули чунин муносибат ба дарсҳо ва омӯзгороне, ки ин фанҳоро таълим медиҳанд, аст. Вақте масъалаи вазни ҷузвгир ба миён гузошта мешавад, ин ҷиҳатҳоро низ бояд ба эътибор гирифт.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҷиҳозонидани ҷузвгирҳо бо ғилдирак ва конструксияҳои оҳанини иловагӣ сабаби боз ҳам афзудани вазни он мешавад. Ҳолатҳои баъзан барои иваз кардани пойафзал ба ҷузвгир андохта мондани онҳоро низ истисно карда намешавад. Бачаҳо ба тарзи иловагӣ ба репетитор мераванд, дар машғулоти берун аз синфӣ иштирок мекунанд. Аз сарбориҳои барои онҳо зарурӣ вазни ҷузвгир боз ҳам зиёдтар мешавад.
Бинобар ин, падару модаронро лозим аст, ки ба ин масъала боэътибортар шаванд, ҳар сари чанд вақт вазни сумкаро санҷанд, андохтани китобҳои дарсӣ ва асбобҳои таълимии заруриро талаб кунанд. Ҳамаи ин ба сиҳату саломат ба воя расидани фарзандон, дуруст ва зебо ташаккул ёфтани қомати онҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
Таъсири бори вазнин ба руҳияти бача
Ҳолати шахс дар даври камолот ба дараҷаи баланд ба саргузаштҳои даври бачагӣ ва эҳсоси руҳии вай вобаста мебошад. Ба олами ботинӣ, шахсият, характер ва ҷаҳонбинии ҳоло пурра ташаккул наёфтаи бачаи синни мактабӣ ҳар ҳодисаи рӯйдода метавонад нақш гузорад. Аз ҷумла, ғайримутаносибӣ, вазъияти номусоид, муаммоҳо, ки дар саломатии бача ба туфайли бори вазнин ба вуҷуд меоянд, бовариро ба худаш кам мекунанд.
— Сохтори таълими мактаб бояд ба салоҳияти донишомӯз бовар кунад, — гуфт руҳшиноси бачаҳо Муқаддам Янгиева. — Бачаҳо омӯзандагони табиианд. Онҳо ҳар чизро дар муҳити бе стресс ва мусоиди таълим бештар меомӯзанд. Омӯзиши зери фишор шавқро кам мекунад.
Дар мактаб дар ҳар як зинаи таълими донишомӯзон барои таълими фанҳои асосӣ шароити мусоид бояд фароҳам овард. Аз ҳама беш дар синфҳои ибтидоӣ бардошта гаштани ҷузвгири пур аз китобҳои дарсӣ ва асбобҳои таълимии дигар ба руҳияти бача таъсири манфӣ мерасонад. Баъди гузаштани сохтори мактаб аз маданияте, ки китобҳои дарсӣ устуворӣ мекунанд, ба маданияте, ки ба компетенсияи ба донишомӯзон нигаронида асос ёфтааст, муаммои ҷузвгирҳои вазнин худ аз худ ҳал мешаванд.
Муаммоҳои ортопедӣ мумкин пайдо шаванд
Дар дӯкон ва растаҳои бозор ҷузвгирҳои ранг, матоъ ва услубашон гуногунро мебинед. Ҳоло ҷузвгирҳои бачаҳо моси ҳар як дид тайёр карда мешаванд. Вале қолаби беруна ҳамеша фиребдиҳанда буда, ба назарам ба таъсири мусбӣ ё манфие, ки он то чӣ андоза ба саломатии бача расонда метавонад, аҳамият бояд дод.
— Наврасии бачаҳо айнан ба даври мактабхонӣ рост меояд, — гуфт травматолог — ортопеди Маркази ихтисосонидаи илмӣ-амалии тиббии травматология ва ортопедияи ҷумҳурӣ, доктори фалсафа доир ба фанҳои тиббӣ Сӯҳроб Солеев. — Ин даврест, ки қисми устухонбандӣ (скелет), устухон, сохтори бандҳои сутунмӯҳра дар айни ривоҷёбӣ мешаванд. Муаммоҳои ортопедӣ ғайр аз омилҳои дохилӣ ба туфайли омилҳои беруна низ метавонанд ба миён оянд. Дар ин масъала даври таълими ибтидоии аз синфи якум то саввум муҳим аст. Олимон роҷеъ ба ин давр бисёр ҷустуҷӯйҳои илмӣ кардаанд. Вақте натиҷаҳои 23‑то тадқиқоти байналхалқиро, ки дар давоми 30 сол амалӣ шудаанд, омӯхтанд, ба хулоса омаданд, ки агар вазни ҷузвгири донишомӯзони синфҳои 1–3 танҳо 10 фоизи вазни танаи онҳоро ташкил кунад, асоратҳои дар 10–15 соли оянда мушоҳидашавандаро пешгирӣ кардан мумкин будааст.
Ба ҷузвгир ҷойгир кардани анҷомҳо низ аҳамият дорад. Аввал чизҳои вазнин, сипас сабуктарро андохтан лозим аст. Дар ин ҳолат чизҳо чун пирамида ҷойгир мешаванд. Ба донишомӯзони мактаб, бештар ба донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ ҷузвгири дубастаро тавсия мекунад. Ҷузвгирҳои вазнини тасмаашон бебар мумкин ба китф ранҷ диҳанд. Тасмаҳо бояд васеъ бошанд. Ҷузвгирҳое, ки якто тасма доранд, метавонанд сабаби тағйироти дуҷониба шаванд.
Шифокорон таъкид мекунанд, ки агар донишомӯзон ба таври доимӣ бори вазнин бардошта гарданд, таъсири вазнинӣ на танҳо ба сутунмӯҳра, ё ки бандҳои он, балки ба афзудани қадамгузорӣ ва дар натиҷаи он аз сабаби бисёр сарф шудани энергия тез-тез гирифтани нафас ва дар оқибат то ба масофаи маълум рафтан зуд монда шудани онҳо низ мерасад. Ин ҳам ба дарди пой ва мушакҳо, ҳам ба мондашавӣ дар ҳолати психоэмотсионалӣ сабаб мешавад.
Бача бе ҳамин ҳам дар мактаб хеле бисёр ҳаракат мекунад, бори вазнин бошад, мондашавиро пурзӯр мегардонад. Бинобар ин агар ба тавсияҳо амал кунем, пеши асоратҳои мазкур гирифта мешаванд. Барои бештар назорат кардани риоя ба меъёр ва нишондодҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳо механизми боз ҳам сахттар бояд бошад.
Дар мактабҳо барои ҳар як донишомӯз алоҳида ташкил кардани ҷевонҳои махсус, ки қулф карда мешаванд, аз фоида холӣ нестанд. Бача ҳар рӯз чизҳои даркорӣ ё ки бекораро бардошта намегардад, бори асосиашро дар ҳамин ҷевон мемонад ва дар вақти зарурӣ аз он истифода мебарад.
Хонандаи мӯҳтарами рӯзнома. Ҳоло мо роҷеъ ба вазни ҷузвгири мактабӣ, то чӣ андоза таъсир доштани он ба инкишоф ва саломатии бача андеша кардем. Шумо низ дар ин бора пешниҳод ва тавсияҳо доред? Чӣ кор кунем, ки вазни ҷузвгири бачаҳо кам шавад ва зарареро, ки мумкин ба саломатии фарзандонамон таъсир мекунад, пешгирӣ намоем? Пешниҳод ва тавсияҳо шумо шояд муҳим бошанд.
Рисолат МАДИЕВА.
Аз рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» (№ 36 (1097) 20.02.24) тарҷимаи Т.АЗИМОВ
