Вақт ҳар лаҳза пурзӯрии худро нишон медиҳад. Ҳеҷ кас онро боздошта, суръат бахшида ва ё оҳиста гузаронида наметавонад. Ҳангоме ки дар бораи вақт ҳарф мезанем, онро ҷудо аз замон тасаввур карда наметавонем: замони ҳозираро бошад, бе технологияҳои ахборӣ. Воқеан, ҳоло дар байни мо шахсоне ҳастанд, ки телефон ба мазмуни ҳаёташон табдил ёфтааст. Дар сари таом, дар вақти дарс, ҳангоми сӯҳбат, дар кўча, дар нақлиёти ҷамоатӣ ва ҳатто … узр, дар ҳоҷатхона телефонро аз даст намегузоранд. Барои онҳо бозии телефон муҳим аст, на пурмазмуну босамар гузаронидани вақт. Намедонанд, ки саргарми телефон, пойбанди интернет шуда, вақти аз тилло ҳам қиматтари худро аз даст медиҳанд.
— Вақт ин пул аст, — мегӯяд сокини шаҳри Самарқанд Ширина Асадова. — Шояд ба ҳамин маъно мегӯянд, ки «вақтат равад, нақдат равад». Аз ин рӯ, ҳангоми вақти худро сарф кардан шахс бояд мулоҳизакор бошад.
— Аз нуқтаи назари физикӣ ва астрономӣ вақт барои ҳама як хел мегузарад, — гуфт ҷавоне, ки худро Акбар Комилов муаррифӣ кард. — Аммо ҳар кас аз он тавре хоҳад, ҳамон хел истифода мебарад. Баъзеҳо мегӯянд, ки вақт зуд мегузарад ва барои хондану кореро анҷом додан вақт надоранд. Аммо гурӯҳе аз оҳиста гузаштани вақт шикоят мекунанд. Фикр мекунам, хушбахт онест, ки вақти худро дуруст тақсим карда, аз он босамар истифода мебарад.
— Мутаассифона, аксар ҷавонон ба қадри вақт намерасанд, — иброз дошт муаллима Нодира Қиличева. — Ҷавонии худро бо телефонбозӣ сипарӣ мекунанд ва дар ин онҳоро айбдор кардан нашояд. Гунаҳкори асосӣ волидон ҳастанд, ки худ маданияти истифодаи телефонро намедонанд. Ба фарзандонашон намуна намешаванд. Аксар падару модарон барои телефонбозӣ ва сайри шабакаҳо вақт доранд, аммо барои якҷоя бо фарзанди худ дарс кардан не. Набояд фаромӯш кунем, ки вақт фурсате барои анҷом додани амалҳои хайр, хондан ва омӯхтани асрори илм аст.
Воқеан, мо бояд ба қадри ҳар лаҳзаи умр бирасем ва онро ба амалҳои нек, донишандӯзӣ сарф карда, аз атрофиён суханони ширинамонро дареғ надорем. Агар мо вақти худро дуруст тақсим карда, дар ҷавонӣ соҳиби илму маърифат, касбу ҳунар шавем, ҳаётамон хуш мегузарад ва метавонем корҳои шоистаро анҷом дода, аз худ номи нек гузорем.
Мафтуна ИБРОҲИМОВА,
донишҷӯ
