Андешаҳои бузургон
Дар осори Рӯдакӣ, Саъдӣ, Румӣ, Ҳофиз, Ҷомиву Навоӣ, Бедил, Кайковус, Зоконӣ, Луқмони Ҳаким ва дигарон доир ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ шоҳбайту андарзҳои зиёд бо лаҳни гуворо садо додаанд. Инак, чанде аз ин шоҳбайтҳоро пешкаши муштариён мекунем.
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Бузургӣ хоҳӣ ар, дил дар сахо банд!
Сари ҳамён ба барги ганд(а)но банд! Низомӣ
***
Симкушон, к-оташи зар куштаанд,
Душмани худро ба шакар куштаанд. Низомӣ
***
Эй фарзанд, дахл оби равон асту харҷ осиёи гарон, яъне, харҷи фаровон кардан мусаллам касеро бошад, ки дахли муайян дорад.
***
Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.
***
Ҷавонмарду хушхулқу бахшанда бош,
Чу ҳақ бар ту пошад, ту бар халқ пош.
Саъдии Шерозӣ
Нисбат ба оилаи худ некӣ кун ва нисбат ба дигарон некӣ карданро фаромӯш масоз, вагарна дар ин дунё зиён мебинӣ ва дар охират аз инъом маҳрум хоҳӣ шуд. Сарфакор бош ва исроф накун. Дар мол хасис набош, вале исрофкор ҳам набош.
***
Қозӣ исроф мекунад дар давр,
Ин ҳама мусрифӣ намешояд.
Ҳоқонӣ.
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.
Луқмони Ҳаким
Харҷам бурун зи одату қарзам бурун зи ҳад,
Фикр аз барои харҷ кунам, ё барои қарз.
Убайди Зоконӣ
Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ.
Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ.
Хусрави Деҳлавӣ
