Ҳафтаи гузашта ҳайати намояндагони соҳаи маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Самарқанд ташриф овард. Нахуст, дар хонаи маданияти «Нурафшон»-и шаҳри Самарқанд бо сарварии сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Фармон Тошев маросими пазироии меҳмонон ва анҷумани илмӣ-амалии «То тавонӣ дӯстонро гум макун» баргузор гардид. Дар он шахсони маърӯза ва суханронӣ карда, инчунин таъкид намуданд, ки бо ибтикори Президентҳои ҳар ду кишвар муносибатҳои дӯстонаи халқҳои ӯзбеку тоҷик беш аз пеш тақвият меёбад ва сафи шоиру нависандагоне, ки ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ эҷод мекунанд, васеътар мегардад.— Чорабиниҳое, ки дар Самарқанд таҳти унвони «То тавонӣ дӯстонро гум макун» бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд, аз чорабиниҳои муҳим ба шумор мераванд, — гуфт шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким. — Зеро ин чорабиниҳо давоми мантиқии вохӯриҳое мебошанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор намуданд. Ҳамаи вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳо далели онанд, ки дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик ҳамеша мустаҳкам буд, ҳаст ва мемонад. Боварӣ дорам, ки риштаҳои гуногуни пайванди илмию адабию ҳунарии мо дар оянда боз ҳам густурдатар мешавад.Анҷумани илмӣ-амалӣ бо сурудхониҳои сарояндагони маъруфу шинохтаи Самарқанд Мардон Мавлонов, Асадулло Атоуллоев, Ҳасан Нуруллоев, Озода Ахмедова ва дигарон ба поён расид.Сипас, аъзои ҳайат аз Хона-музейи Садриддин Айнӣ, майдони Регистон ва дигар ҷойҳои таърихии Самарқанд дидан карданд.Дар рӯзи дуюми ташрифи ҳайат дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов маросими кушодашавии хонаи забон ва маданияти тоҷик баргузор гардида, дар он ҷонишини якуми ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аҳмадҷон Солеев, проректор оид ба робитаҳои хориҷии донишгоҳ, профессор Акмал Аҳадов, декани факултети филология Ҷӯлибой Элтазаров ва дигарон иштирок намуданд.Дар қисми дуюми чорабинӣ маҳфили адабии «Ганҷи сухан» баргузор гардид. Дар он шоирони маъруфи ҳар ду кишвар, аз ҷумла Давлат Сафар, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа, Дилшодаи Фарҳодзод, Абдулло Субҳон, Паймон, Хосият Бобомуродова, Тошпӯлод Тугалов, Шоир Хоҷа, Асадулло Исмоилзода ва дигарон шеърҳои ба тараннуми сулҳу осоиштагӣ ва дӯстиву бародарӣ бахшидаи худро хонданд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
