Ovozi.uz

Садои шоирони гумном дар симои Ҳаким Лоадрӣ

Оё шеър метавонад бе муаллиф зинда бошад? Дар таърихи адабиёти мо ҳазорон байтҳое ҳастанд, ки соҳибони онҳо кайҳо аз дунё рафтаву номашон фаромӯш шудааст, вале суханашон то ҳол дар деворҳои шаҳр ва хотираи мардум нақш мебандад. Шояд шумо ҳам дар пушти воситаҳои нақлиёт ё девори мақбарае байтеро хонда бошед, ки аз садҳо шеъри девони шоирони машҳур таъсирбахшноктар аст. Муаллифи ин ашъорро «Ҳаким Лоадрӣ» меноманд — шеърҳое, ки гӯяндаашон номаълум, вале дардашон барои ҳама ошност.

Ҳаким Лоадрӣ кист? Ин на як шахсияти таърихӣ, балки рамзи шоирони гумномест, ки дурдонаҳои фикриашон дар кӯчаву бозор ва маҳфилҳои адабӣ садо медиҳанд. Аз пандҳои ахлоқӣ то ҳаҷви талхи рӯзгор — ашъори «Лоадрӣ» оинаи воқеии рӯҳияи мардуми мост, ки ниёз ба шинохту омӯзиши амиқ дорад».

Дар ганҷинаи адабиёти ғановатманди мо байт ва рубоиёте бисёре мавҷуданд, ки бо вуҷуди машҳури хосу ом будан, номи гӯяндаи онҳо ба мо маълум нест. Ин гуна ашъорро маъмулан бо истилоҳи «Лоадрӣ» (арабӣ — «намедонам») ёд мекунанд.

Шинохти мафҳуми «Лоадрӣ»

«Лоадрӣ» на танҳо ба як калима, балки як падидаи васеи фарҳангие табдил ёфтааст, ки рӯҳия ва завқи бадеии мардумро дар тӯли асрҳо инъикос мекунад ва одатан ба ҷойи он ки гӯянд: номи муаллифашро намедонам, ношинос аст, гӯяндааш маълум нест, ҳамин тахаллусро ба кор мебаранд. Бештар дар шеър ҳамеша ду навъи эҷод мавҷуд будааст: яке он ки бо номи муаллифи муайян ва шуҳрату мақоми бадастовардаи ӯ пайванд аст ва дигаре он ки аз байни мардум рӯйида, шодию хурсандӣ, ё дарду ғам ва мушкилии мардумро баён кардааст.

Дар тазкира ва маҷмӯаҳои шеърӣ, вақте гӯяндаи байте ё қитъае маълум набошад, онро ба «Ҳаким Лоадрӣ» нисбат медоданд. Ин «ҳаким» рамзи хиради дастҷамъии миллат ва шоиронест, ки шеърашон аз худашон бештар умр дидааст.

Аксари шеърҳое, ки таҳти унвони Ҳаким Лоадрӣ дучор мешаванд, аз қитъаот, байтҳои пароканда, рубоиёт ва ашъори такуфтода иборатанд, ки дар тӯли асрҳо забон ба забон гаштаанд. Хусусиятҳои асосии ин ашъор аз он иборат мебошад, ки чун ин ашъор барои мардум ва дар миёни мардум будааст, аз печидагиҳои лафзии душвор дур мебошад. Чун ин гуна шеърҳо ба навиштаҳо ва суханони мардум устуворӣ ва ширинии хос мебахшанд, бадоҳатан истифода бурда мешаванд. Бештари чунин шеърҳо дорои пандҳои ахлоқӣ ва таҷрибаҳои зиндагӣ ҳастанд. Чунончи:

Сад бор бадӣ кардию дидӣ самарашро,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?!

Ё худ:

Теғи буррон гар ба дастат дод, дасти рӯзгор,
Ҳар чӣ мехоҳӣ бибур, аммо набур нони касе.

Ҷойгоҳи Лоадрӣ дар ҳаёти рӯзмарра

Тавре ки дар сарчашма омадааст, ашъори «Лоад­рӣ» дар тамоми паҳлӯҳои зиндагии мардум, аз деворҳои мазорҳо ва мақбараҳо сар карда, то пушти мошинҳо, мағозаҳо ва ҳатто деворҳои ҳаммомҳо ба чашм мерасанд. Ин байтҳо аксаран дорои мазмуни баланди ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ё ҳаҷвӣ мебошанд. Масалан, намунаи абёте, ки дар мағозае оид ба инсоф навишта шудааст:

Ин ки дар насябарӣ ҳамчу гули хандонӣ,
Пас сабаб чист, ки дар додани он гирёнӣ?

Ё ин ки бар даромадгоҳи ҳаммоме оид ба амонатдории мизоҷон сабт ёфтааст:

Ҳар кӣ дорад амонате мавҷуд,
Бисупорад ба ман ба вақти вуруд.
Насупорад, агар шавад мафқуд,
Банда масъули он нахоҳам буд.

Ё худ бар дари меҳмонхонае аз сидқ навишта мондаанд:

Фарши роҳат кардаам, эй дӯст, чашми интизор,
Омадӣ, хуш омадӣ, бар дидаи мо по гузор.

Ҳаким Лоадрӣ исботи он аст, ки асл сухан аст, на соҳиби сухан. Ин ашъор оинаи рӯзгори мардумест, ки шояд номашон дар таърих сабт нашудааст, вале дарду ранҷ ва шодиву нишоти худро дар қолаби байтҳои ҷовидона ба мо мерос гузоштаанд. Чунин ашъор на танҳо як маҷмӯаи шеър, балки як донишномаи хурди фарҳанги омма ва ҳикмати гумшудаи гузаштагони мост.

Падидаи «Лоадрӣ» нишондиҳандаи он аст, ки дар фарҳанги мо шеър моли хусусӣ нест, балки моли халқ аст. Ин байтҳо, ки дар деворҳои Самарқанду Бухоро барин шаҳрҳои қадимӣ нақш бастаанд, пайвандгари наслҳо ва ҳифзкунандаи забон мебошанд. Омӯзиши илмии ин ашъор барои дарки рӯҳияи иҷтимоии мардум ва таърихи таҳаввули сабкҳои адабӣ аҳамияти бузург дорад.

Фозили МУҲАММАДЗОД