Ovozi.uz

Қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят дар бораи тасдиқ кардани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2025

Сессияи панҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят (даъвати ҳафтум) бар асоси моддаҳои 6 ва 24‑уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлат», моддаҳои рақамҳои 27 ва 99‑уми Кодекси буҷет, Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2025» таҳти рақами ҚҶӮз‑1011, инчунин хатҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14‑уми октябри соли 2024 таҳти рақами 01–1239/7 ва Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25‑уми декабри соли 2024 таҳти рақами 01/51–1–26812‑ро ба инобат гирифта,
ҚАРОР МЕКУНАД:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2025» (минбаъд дар матн Қонун гуфта мешавад) барои роҳбарӣ ва иҷро қабул карда шавад.
  2. Мувофиқи Қонуни мазкур ба маълумот гирифта шавад, ки қисми даромадҳои буҷети вилояти Самарқанд барои соли 2025 ба миқдори 5915,3 миллиард сӯм ва хароҷотҳояш 8008,6 миллиард сӯм қабул гардид, инчунин, ба инобат гирифта шавад, ки трансфертҳои байни буҷетии батартибоваранда ба миқдори 2093,3 миллиард сӯм, трансфертҳои аз ҳисоби пардохти андози аксиз ҷудошаванда, ба миқдори 362,3 миллиард сӯм тасдиқ шудааст.
  3. Мувофиқи моддаи 12‑уми Қонун:
    навъҳои зерини андозҳо ба буҷети ноҳия ва шаҳрҳо ба ҳаҷми пурра гузаронда мешаванд:
    андози молу мулк, ки аз шахсони ҷисмонӣ мегиранд;
    андози замин, ки аз шахсони ҷисмонӣ гирифта мешаванд;
    мувофиқи декларатсияи роҷеъ ба даромади солона, асосан аз додани молу мулк ба иҷора аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ пардохта мешавад, инчунин андози даромад, ки аз тарафи соҳибкорони тартиби якка пардохта шуда, аз шахсони ҷисмонӣ гирифта мешавад;
    андоз барои истифода аз захираҳои об;
    андоз барои истифода аз қаъри замин роҷеъ ба масолеҳи бинокории ғайримаъдан;
    андозе, ки аз гардиш гирифта мешавад;
    андозе, ки ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ андохта мешавад (андозҳое, ки аз тарафи супорандагони андози калон пардохта мешаванд, аз ин мустасно);
    андози замин, ки аз шахсони ҳуқуқӣ гирифта мешавад (андозҳое, ки аз тарафи супорандагони андози калон пардохта мешаванд, аз ин мустасно);
    камаш 50 дарсади пардохти андози даромад, ки аз шахсони ҷисмонӣ гирифта мешавад (андозҳое, ки аз тарафи супорандагони андози калон пардохта мешаванд, аз ин мустасно);
    пардохтҳо барои иҷораи активҳои давлатӣ.
    Зеринҳо ба буҷети вилоят ба ҳаҷми пурра гузаронда мешаванд:
    андозе, ки ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ андохта мешавад (андозҳое, ки аз тарафи супорандагони андози калон пардохта мешаванд, аз ин мустасно);
    андози замин, ки аз шахсони ҳуқуқӣ гирифта мешавад (андозҳое, ки аз тарафи супорандагони андози калон пардохта мешаванд);
    андози аксиз аз фурӯши бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ ба истеъмолчиёни ниҳоӣ;
    даромадҳо роҷеъ ба андози аксиз барои маҳсулоти тамоку (ғайр аз маҳсулоте, ки ба воситаи воридот (импорт) дохил шудааст), ки мутобиқан ба ҳолати 1‑уми июли соли гузаштаи молиявӣ мувофиқи ҳиссаи шумораи аҳолии Ҷумҳурии Қароқалпоғистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар шумораи аҳолии ҷумҳурӣ, ки аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гирифта шудааст. Дар ин ҷо қисми иҷронашудаи пешбинӣ (прогноз)-ҳо роҷеъ ба даромадҳои ҷумҳуриявии буҷети Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷетҳои вилоятии вилоятҳо ва буҷети шаҳри Тошканд аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ пардохта мешавад, қисми барзиёд иҷрошудаи прогноз роҷеъ ба даромадҳо бошад, дар ихтиёри буҷети ҷумҳурӣ мемонад.
    Барои маълумот, андозҳои зерин аз буҷети ҷумҳурӣ ба буҷети вилоят дар ҳиссаҳои мазкур:
    100 дарсади пардохтҳо аз андози даромади шахсони ҷисмонӣ (ғайр аз андози даромад, ки бар асоси дек­ларатсияи даромади солона аз додани молу мулки шахсони ҷисмонӣ ба иҷора пардохта мешавад, инчунин, аз тарафи соҳибкорони тартиби якка пардохта мешаванд);
    100 дарсад пардохтҳо аз андози фоида (ғайр аз андози фоида, ки мувофиқи рӯйхати бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ шуда, аз тарафи диҳандагони андози калон, ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти худро тавассути муассисаҳои доимӣ амалӣ мегардонанд, инчунин дар манбаи пардохти ғайрирезидентҳо нигоҳ дошташуда);
    30 дарсади андози аксиз, ки аз фурӯши маҳсулоти алкологӣ, аз ҷумла пиво (ғайр аз маҳсулотҳое, ки ба воситаи воридот (импорт) дохил шудаанд) гузаронида мешавад.
    Даромадҳои зеринро, ки ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар миқдорҳои дар қонунгузорӣ муайяншуда тақсим мегарданд, дар байни буҷети ҷумҳурӣ ва буҷети маҳаллии вилоят тақсим карда мешаванд:
    боҷҳои давлатӣ;
    ҷаримаҳо;
    ҷамъовариҳо;
    пардохтҳое, ки аз фурӯши молу мулки дар қонунгузорӣ ба даромади давлат тааллуқдошта ва ба ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят гузарондани он муайян шудааст, инчунин, дивидент (даромад) ва пардохтҳо аз ҳисоби ҳиссаи идораҳои ҳокимияти маҳаллии давлатӣ.
    Пардохтҳое, ки аз фурӯши миқдори дар қонунгузорӣ пешбинишудаи активҳои давлатӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ дохил мешаванд, дар байни буҷетҳои ноҳия ва шаҳрҳо, инчунин буҷети маҳаллии вилоят ба ҳиссаҳои баробар тақсим карда мешавад.
    Бар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои таъмини бовариноки бехатарии инсон ва ба таври назаррас кам кардани ҳолати марг дар роҳҳои автомобилӣ» таҳти рақами ҚП‑190 ба муносибати ба ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳрҳо додани ҳуқуқи дар роҳҳои автомобилгарди ҳудуди худ гузоштани воситаҳои техникии махсуси фото ва видеоӣ, ки риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракати роҳро ба тарзи автоматикӣ қайд мекунад, 30 дарсади ҷамъи ҷаримаҳои аз тарафи воситаҳои техникии мазкур барои риоя накардан ба қоидаҳо ситонида мешавад, гузошта ба буҷети маҳаллии ноҳия ва шаҳрҳо қайд карда шавад.
    Шӯрои намояндагони халқи вилоят:
    барои тақсим намудани андозҳои ҷудошуда ба буҷетҳои маҳаллӣ ва даромадҳои навъҳои дигар (аз ҷумла, даромадҳое, ки дар қисмҳои якум, дуюм ва чоруми моддаи мазкур нишон дода шудаанд) ва трансфертҳои байнибуҷетӣ;
    барои додани як қисми маблағҳои аз ҳисоби барзиёд иҷро намудаи пешбинӣ (прогноз)-и даромадҳо ба буҷетҳои ноҳия ва шаҳрҳо барои амалӣ намудани барномаҳои рушди иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳия ва шаҳрҳо ҳақ дорад.
    Шӯроҳои намояндагони халқи ноҳия ва шаҳрҳо барои шахсони ҷисмоние, ки дар ноҳия ва шаҳрҳо молу мулкро ба иҷора медиҳанд, дар ставкаҳои аз ҳама ками пардохти музди иҷора:
    ба роҳандозӣ намудани коэффитсиентҳои афзоянда то ба миқдорҳои муайяншуда барои шаҳри Тошканд роҷеъ ба баъзе ҳудудҳои барои истироҳати оммавӣ ва (ё ки) сайёҳӣ ихтисосонида:
    аз нархҳои ҳақиқии иҷораи дар бозори иҷораи мулки ғайриманқул ташаккулёфта баромада, ба истифодаи коэффитсиентҳои то 2,0 баробар зиёдкунанда ҳақ доранд.
    Ба Шӯрои намояндагони халқи вилоят даромадҳое, ки ба буҷети ноҳия ва шаҳрҳо пурра вобаста карда шудаанд, ба буҷети вилоятии вилоят равона кардан таъқиқ гардидааст (аз ин шаҳр ва ноҳияҳое, ки даромади онҳо аз хароҷотҳояшон бисёр аст, мустасно).
    Агар дар қонунгузорӣ тақсимоти даромадҳо аз рӯи дараҷаи буҷет ба назар гирифта нашуда бошад:
    навъҳои даромадҳое, ки ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузарондани онҳо лозим аст, ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронда мешавад;
    навъҳои даромадҳое, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани онҳо лозим аст, ба тарзи дахлдор ба буҷети вилоятии вилоят гузаронда мешавад.
    Баргардонидани ҳамаи пардохтҳои барзиёд ё ки нодуруст додашуда ба буҷетҳои сохтори буҷет аз буҷети сохтори дахлдори буҷет мувофиқи меъёр (норматив)-ҳои дар санаи бозгардонидани онҳо дар амалбуда, аз рӯи навъҳои даромадҳои бекоркарда бошад, аз буҷети ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
    Корхонаҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи низомномавии онҳо ба миқдори 50 дарсад ва аз он зиёд ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад (аз ҷумла, аз тарафи корхонаҳое, ки ба ҳайати онҳо дохиланд) то 1‑уми июли соли 2025 аз рӯи ҷамъбасти соли 2024 ба миқдори 50 дарсади фоидаи софи худ пардохтҳо ва дивидентҳо аз рӯи ҳиссаи давлатро ҳисоб карда, аз 1‑уми сентябри соли 2025 дер намонда, ба буҷетҳои дараҷаи дахлдор мегузаронанд. Инчунин, корхонаҳое, ки тилло ва мис кофта мегиранд, дар сармояи низомномавии онҳо ба миқдори 50 дарсад ва беш аз он ҳиссаи давлат мавҷуд аст, 100 дарсади фоидаи солҳои 2024 ва 2025‑и худро аз рӯи ҳиссаи давлат ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тарзи дивидентҳо мегузаронад.
    Барои маълумот ва иҷро қабул карда шавад, ки Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳақ дорад барои корхонаҳои тилло ва мис кофтагирандаи дар сармояи низомномавии худ ба миқдори 50 дарсад ва аз он зиёдтар ҳиссаи давлат дошта, миқдори пардохти дивидентҳо ва давригии онҳо бо тартиби дар қонунгузорӣ пешбинишуда муайян кунанд.
  4. Зеринҳо:
    нишондиҳандаҳои макроиқтисодии пешбинишудаи рушди вилояти Самарқанд дар соли 2025 мувофиқи иловаи 1‑ум;
    нишондиҳандаҳои асосии пешбинишудаи даромадҳои буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2025 мувофиқи иловаи 2‑юм;
    миқдори умумии маҳдуди хароҷоти барои тақсимкунандагони маблағҳои буҷети ҳудудӣ дар соли 2025 аз буҷети вилояти Самарқанд мувофиқи иловаи 3‑юм;
    меъёрҳои муайяншуда роҷеъ ба андоз­ҳои умумдавлатӣ ва пардохтҳои ҳатмии дигар, инчунин аз рӯи пардохтҳое, ки андоз нестанд, мувофиқи иловаи 4‑ум.
    Дар ин ҳол муайян карда шавад, ки Садорати хизмати ғазначигии вилояти Самарқанд дар сохтори ахбори «Идораи молияи давлат» ба тартиби муайяншуда тақсимоти байни буҷети маҳаллии вилоят ва буҷетҳои маҳаллии ноҳияву шаҳрҳоро аз рӯи меъёрҳои ҷудокарда дохил кунад.
    Миқдори трансфертҳои байнибуҷетии батартиб­андозанда, ки аз буҷети вилоят ба буҷети ноҳия ва шаҳрҳо ҷудо карда мешаванд, мувофиқи иловаи 5‑ум тасдиқ карда шавад.
  5. Ҳаҷми ҳудудии даромад ва хароҷотҳои буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо барои соли 2025 мувофиқи иловаи 6‑ум барои маълумот қабул гардад.
  6. Миқдори камтарини маблағҳои буҷет дар соли 2025, ки дар суратҳисоби ғазнаи шахсии буҷети вилоятии вилоят меистанд 18 984,0 миллион сӯм ва миқдори камтарини маблағҳои буҷет, ки дар суратҳисоби ғазнаи шахсии ноҳия ва шаҳрҳо меистанд, мувофиқи иловаи 7‑ум муайян гардад.
  7. Ҳаҷми бунёди захиравии буҷети вилоятии вилоят барои соли 2025 ба миқдори 38,1 миллиард сӯм муайян карда шавад. Дар ин:
    камаш ба миқдори 1,0 дарсад ташаккул додани хароҷотҳои умумии бунёди захираи барои соли 2025 тасдиқшудаи буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо (аз ин маблағҳои молиягузорӣ барои чорабиниҳои бар асоси фикри ҷамоатчигӣ ташаккулёфта мустасно);
    ҷудо кардани маблағҳои бунёди захираи буҷетҳои вилоят, ноҳия ва шаҳрҳоро мувофиқи моддаи 73‑юми Кодекси буҷети дар амалбуда, ҳангоми ташаккули буҷетҳои сохтори буҷет барои хароҷотҳое, ки қаблан пешбинӣ кардан душвор аст, инчунин дар вазъиятҳое, ки беқарории иҷтимоӣ-­иқтисодӣ рӯй медиҳанд, барои молиягузории чорабиниҳое, ки амалӣ намудани онҳо зарур аст, таъмин карда шаванд.
  8. Коэффитсиентҳои камкунанда ва зиёдкунанда, ки ба ставкаи базавии андоз барои 1 гектар замин муайян гардидааст, дар миқдори мутлақ барои шахсони ҳуқуқӣ аз рӯи заминҳои барои хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шуда мувофиқи иловаи 8‑ум, коэффитсиентҳои камкунанда ва зиёдкунанда барои шахсони ҷисмонӣ (ғайр аз заминҳои хоҷагии қишлоқи барои хоҷагиҳои деҳқонӣ пешбинишуда) дар миқдори мутлақ нисбати ставкаи базавии андоз, ки барои 1 метри мураббаъ (м2) муайян шудааст, мувофиқи иловаи 9‑ум, коэффитсиентҳое, ки барои дар идораҳои дахлдор аз рӯйхат гузарондани ҳуқуқи соҳибӣ ба мулки манқул барои 1 метри мураб­баи бино ва иншоотҳо коэффитсиентҳои ба миқдори мутлақ нисбати арзиши минималии муайяншуда мувофиқи иловаи 10‑ум тасдиқ карда шаванд.
  9. Ҷонишини якуми ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои молия-­иқтисодиёт ва ихтисори камбизоатӣ (Ф.Аби­лов), Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят (Б.Мирзоев), Садорати андози вилоят (Э.Толлиев) якҷоя бо ҳокимиятҳои ноҳия (шаҳр)-ҳо чораҳои таъмини саривақтӣ ва босамар иҷро шудани нишондиҳандаҳои барои буҷети маҳаллии соли 2025 муайяншударо бинанд.
  10. Ҳокимиятҳои ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо, садорат ва ташкилотҳои масъул ба истифодаи мақсаднок ва босамари маблағҳои буҷет, ки барои соли 2025 пешбинӣ шудаанд, боз ҳам пурзӯр намудани назорат ва масъулияти риоя ба интизоми буҷет, таъмини пардохти пурраи андоз ва пардохтҳои ҳатмии дигар, ба буҷетҳои маҳаллии дахлдор, инчунин, афзудани базаи даромадҳои буҷет ва муайян намудани захираҳои иловагӣ эътибори алоҳида диҳанд.
  11. Садорати андози вилоят (Э.Толлиев) якҷоя бо идораҳои ҳудудии андоз дар асоси ваколатҳое, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд:
    гузоштани назорати андоз роҷеъ ба пурра ва дуруст ҳисоб кардани андозҳо ва саривақт ба буҷет ситонидани андозҳои мазкур;
    дар ҳоли гузарондани таҳлилҳои доимӣ роҷеъ ба андози замин, андоз барои истифода аз захираҳои об ва андози молу мулк чораҳои таъмини пурра ҳисоб намудани андозҳо ва аз рӯи ин пардохтҳои андоз роҳ надодан ба қарздории андозро бинад;
    гузаронидани тадбирҳои назорати андоз барои акси пурраи гардиши воситаҳои пулии андоздиҳандагон дар ҳисоботҳои андоз аз рӯи намуди андоз аз гардиш ва дар ҳолатҳои зарурӣ чорабиниҳои хронометражӣ ва камералӣ;
    вазифаҳои зиёд шудани базаи андоз аз рӯи андози замин ва молу мулк, яъне ташкили корҳои ба рӯйхатгирии босамар ва мунтазам вогузошта шавад.
  12. Садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмии назди Сарпрокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Самарқанд (С.Ҷабборов) дар ҳамкорӣ бо Cадорати андози вилоят (Э.Толлиев) қарздориҳои андозро аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ барои аз буҷет ситонидан чораҳои дахлдор бинанд ва аз рӯи ҷамъбасти чорякҳо роҷеъ ба кам шудани қарздории андоз нисбати оғози чоряк вазифаи дидани ҳамаи чораҳои комплексӣ вогузошта шавад.
  13. Ба садорати вилоятии Агентии идораи активҳои давлатӣ (А.Эгамов) якҷоя бо садорати вилоятии Маркази ташкили истифодаи босамари объектҳое, ки холӣ истодаанд, вазифаи:
    ба таври доимӣ ташкил намудани барӯйхатгирии объектҳои мулки давлатӣ, ки холӣ истодаанд;
    аз рӯи натиҷаҳои барӯйхатгирӣ ташаккули рӯйхати объектҳои мулки давлатӣ, ки холӣ истодаанд, тайёр кардани пешниҳодҳои дахлдор оиди ба иҷора додан ё ки фурӯхтани онҳо вогузошта шаванд.
  14. Садорати ҳавзаи сохторҳои ирригатсияи «Зарафшон» (Ф.Раҷабов) ва садорати андози вилоят (Э.Толлиев) якҷоя бо ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳо аз рӯи ҳаҷми обҳое, ки дар вилоят барои обёрӣ сарф карда мешаванд, дар ҳоли бурдани ҳисобу китобҳои амиқ ситонидани пурраи андозҳоро барои истифодаи захираҳои об ва ба буҷетҳои маҳаллӣ то анҷоми соли молиявӣ ворид шудан таъмин кунанд.
    Ҳангоми он, ба гузарондани таҳлилҳои доимии ҳаҷми захираҳои об, ки корхонаҳои хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд ва андозҳо барои об, ки барои ин ҳаҷмҳо ҳисоб карда шудаанд, диққати махсус диҳанд.
  15. Садорати вилоятии андоз (Э.Толлиев), Cадорати вилоятии хоҷагии қишлоқ (Б.Тугалов) дар ҳамкорӣ бо ҷонишинони якуми ноҳия (шаҳр)-ҳо бар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 709 чораҳои мувофиқи ҷадвали муайяншуда, ба буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани ҷамъи пардохти муздҳои иҷора ва иловагиро, ки барои ба иҷора додани заминҳои хоҷагии қишлоқ ҳисоб карда шудаанд, бинанд.
  16. Шӯроҳои ҳудудии намояндагони халқ ва ҳокимони ноҳия (шаҳр)-ҳо бар асоси ваколатҳои худ, ки дар моддаҳои 27 ва 28‑уми Кодекси буҷети Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян гардидааст, воридоти пурра ва саривақтии пардохтҳоро ба буҷет ва фондҳои давлатии мақсаднок, инчунин истифодаи бомақсади онҳоро зери назорат гиранд.
  17. Тақсимкунандагони маблағҳои буҷети ҳудуди ҳар сол то рӯзи 25‑уми январ роҷеъ ба фаъолияти солонаи худ аз рӯи сарфи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷет, натиҷаҳои амалии хароҷотҳо ба Шӯроҳои маҳаллӣ ҳисобот диҳанд.
    Дар ин, тақсимкунандагони маблағҳои буҷети ҳудудӣ:
    дар сохтори таҳти тасарруфи худ назорати амал кардан ба интизоми андоз;
    дуруст сохтани сметаи хароҷотҳо ва ҷадвали штатҳои худ ва ташкилотҳои дар тасарруфи онҳо буда, инчунин, сметаҳои даромадҳо ва хароҷотҳо;
    бо мақсад сарф шудани маблағҳои аз буҷет ҷудошуда ва пурра иҷро кардани индикаторҳои мақсаднок;
    дар ташкилотҳои сохтории дар тасарруфи худ буда дуруст тақсим шудани маблағҳое, ки аз буҷет ҷудо гардидаанд;
    пурра ба нақша гирифтан ва саривақт пардохтан, инчунин истифодаи бомақсад ва босамари маблағҳое, ки аз буҷет ҷудо карда мешаванд, аз ҷумла музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар, хароҷотҳои барои хӯрокворӣ, дорую дармон, хизматҳои коммуналӣ ва барномаҳои давлатӣ муайяншуда;
    бо мақсади таъмини шаффофии ҷараёни буҷет дар веб-сайтҳои расмӣ гузоштани маълумотҳо таъмин карда шаванд.
  18. Садорати вилоятии ҳудудии рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолчиён (Б.Тоиров) якҷоя бо ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳо дар ҳоли пурра аз рӯйхат гузарондани объектҳои рекламаи беруна, чораҳои аз рӯи ин объектҳои рекламаи беруна бастани шартномаҳоро бинанд ва мувофиқи ин шартномаҳо ба буҷет пардохтани маблағҳоро ба назорати доимӣ гиранд.
  19. Ба садорати вилоятии Нозироти назорати давлатии молиявии департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ш.Бобоқулов) вазифаи назорати истифодаи бомақсади маблағҳое, ки аз буҷет ҷудо карда шудаанд ва аз рӯи корҳои амалишуда дар ҳар чоряк ба сессияҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят додани ахбор вогузошта шавад.
  20. Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят — котиби матбуот (М.Мирзоев), Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят (М.Ибодуллоев), Садорати андози вилоят (Э.Толлиев), Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят (Б.Мирзаев) якҷоя дар телерадиокомпанияи вилоят ва воситаҳои ахбори оммавии дигари вилоят, рӯзномаҳое, ки ҳокимият муассис аст, эълон намудани баъзе андозҳо ва ставкаҳои пардохт, тартибҳои гирифтани андоз ва маълумотҳои дигарро, ки дар қонун муайян гардидаанд ва дар веб-сайтҳои расмии ҳокимиятҳо гузоштани онҳоро ташкил кунанд.
  21. Дар таҳририятҳо ва воситаҳои ахбори оммавии дахлдор равшан намудани қарори мазкур тавсия карда шавад ва онро дар веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят гузоранд.
  22. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят роҷеъ ба масъалаҳои буҷети маҳаллӣ, рушди соҳибкорӣ, ислоҳотҳои иқтисодӣ (М.Пӯлодов) ва ҷонишини аввали ҳокими вилоят (Ф.Абилов) вогузошта шавад.

Раиси Шӯро Ш.НЕГМАТОВ
26‑уми декабри соли 2024.