Дар ватани Бозиҳои олимпӣ, доманаи кӯҳҳои Олимпӣ ҷануби Юнонистон, дар пешгаҳи ибодатхонае, ки шӯҳрати он дар ҷаҳон паҳн шудааст, пайкараи қиёфаи Парвардигори олии юнониён – Зевс гузошта шудааст. Ин пайкараро пайкарасози маъруфи замони худ Фидий беш аз 2400 сол пеш дар асри V пеш аз милод офаридааст. Пайкараи Зевс «мӯъҷиза»-и чорум мебошад.
Пайкара ниҳоят мӯҳташам буда, баландиаш 14 метр аст. Худои Зевс дар тахти аз тилло, устухони фил, дарахти сиёҳ сохташуда ва бо сангҳои қиматбаҳо оро дода нишастааст. Сари ӯро гулчанбари навдаҳои дарахти зайтун зеб медиҳанд. Ин нишонаи сулҳпарварии ҳукмдори худоҳо ва одамон, худои осмон ва раъду барқ аст.
Сар, китф ва дастҳои Зевсро аз устухони фил сохтааст. Либоси ба китфи чапи ӯ партофта, мӯисар ва ришаш аз тилло аст. Фидий Зевсро дар қиёфаи олиҳимматонае, ки хоси инсонҳо мебошад, ифода кардааст. Дар қиёфаи бо риш пӯшонидашуда ва мӯи парешони вай сари вай на танҳо салобат ва шаҳомат, балки олиҷанобӣ ва некхоҳӣ низ намоён мешавад. Гӯё ҳоло ҳозир дар лабони ӯ табассум пайдо мешаваду вай қомати азими худро рост карда, аз тахт мехезад. Мутаассифона, ин ҳайкал ҳам то ба замони мо нарасидааст: дар вақти сӯхтор батамом вайрон шудааст. Ҳоло муаррихон аз рӯи маълумотҳое, ки солноманависони юнонӣ навиштаанд, пайкараи Зевсро тасвир мекунанд.
