Мир24. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлати Қазоқистон, Президенти мамлакат Қосим-Жомарт Токаев ба Ҳукумат дастур дод, ки шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки аз обхезии шадид зарар дидаанд, бо манзили босифат таъмин намояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки бо шаҳрвандон фаъолона ва муассир кор кунанд, сиёсати давлат ва тадбирҳои андешидашударо фаҳмонанд.
ТАСС. Бино ба гуфти муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Дмитрий Афанасйев, миёни донишгоҳҳои Русия ва Белорусия 600 созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
INTERFAX.RU. «Раванди муайян кардани сарҳадҳои байни Арманистон ва Озарбойҷон идома дорад, ки мо натиҷаҳои аввалини мусбати ин равандро мебинем», – гуфт президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев
ТАСС. Аз моҳи октябри соли 2023 ба ин сӯ дар Ғазза дастикам 198 корманди агентии кумак ва кор бо гурезаҳои фаластинии Созмони Милали Муттаҳид дар Шарқи Наздик (UNRWA) кушта шудааст. Дар ин бора комиссари генералии UNRWA Филипп Лаззарини дар нишасти матбуотӣ дар Аммон пас аз гуфтушунид бо муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Урдун Айман ас-Сафадӣ хабар дод.
