Ovozi.uz

Триатлончиёни ҷаҳон қувва озмуданд

Рӯзҳои 18-19-уми майи соли равон дар Самарқанд аз рӯйи триатлон ва паратриатлон мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии “World Triathlon Cup Samarkand-2024” ва “World Triathlon Para Cup Samarkand-2024”, инчунин, чемпионати Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки холҳоро барои рейтинги Олимпиадади “Париж-2024” тақдим кард, аз 52 мамлакати ҷаҳон беш аз 270 нафар варзишгарон иштирок карданд. Инчунин, дар Ҷоми ҷаҳонӣ 20 нафар варзишгарони дастаи мунтахаби миллӣ низ ширкат намуданд.
– Дар кишварамон гузаронидани чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи аҳли ҷаҳонро ба Ӯзбекистон менигаронад ва барои афзунгардии ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатамон хидмат мекунад, — гуфт саркотиби Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Елена Кун. – Дар мусобиқа варзишгарон, ки дар рейтинги ҷаҳон мавқеи хосаи худро доранд, дар шиноварӣ ба масофаи 1,5 километр, давидан ба 10 километр ва велопойга ба 40 километр рақобат карданд. Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ дар баҳсҳои байни бонувон Лена Маиснири олмонӣ ҷойи якум, Жессика Фулигари бритониёӣ ҷойи дуюм ва Тилда Менсан аз Шветсия ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Дар баҳси байни мардон варзишгар аз Бритоний Коннор Бентлива пирӯз шуд. ҷойи дуюм ба Янис Сигуин аз Фаронса ва ҷойи сеюм ба Ёнас Шомбурги олмонӣ насиб кард.
Дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон витсе-президенти Шӯрои абритажи байналмилалии варзиш Антонио Фернандес, раиси Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Виктор Маҳмудов, ҷонишини раиси Кумитаи параолимпӣ Ҷамшед Ҳасанов иштирок карданд.
Б.МУСТАНОВ