Дар мамлакатамон бо мақсади дар руҳи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба вазифаи ҳарбӣ тарбия намудани донишомӯзони мактабҳои ҳамагонии минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо мусобиқаи варзишии ҳарбӣ-ватанпарварии анъанавии “Сарҳадчиёни ҷавон – 2024” гузаронида мешавад.
Чанде пеш зинаи ҷумҳуриявии ин мусобиқа гузаронида шуда, дар он ғолибони зинаҳои ҳудудӣ аз рӯйи як қатор шартҳо қувва озмуданд.
Хурсандиовар аст, ки дар зинаи ҷумҳурии мусобиқа дастаи “Соҳибқирон”-и ноҳияи Булунғур низ бомуваффақият иштирок карда, ҷойи дуюмро ба даст оварданд. Ҷойҳои якум ва дуюм мутаносибан ба дастаи “Сарҳадчиёни ҷавон” (вилояти Ҷиззах) ва “Тӯрон” (вилояти Андиҷон насиб гардид.
Дастаҳои ғолиб бо тӯҳфаҳои Агентии кор бо ҷавонон, қӯшунҳои сарҳадии Хидмати амнияти давлатӣ, Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, инчунин, ташкилотҳои ҳамкор мукофотонида шуданд.
Чанде пеш аъзоёни дастаи ғолиби “Соҳибқирон”-ро, ки аз донишомӯзони мактаби таълими умумии рақами 4-и ноҳия таркиб ёфтаанд, дар маҳаллаи “Нурли йӯл” вакилони ҳокимияти ноҳия, масъулини системаи таълими сатҳи вилояту ноҳия, намояндагони ҷамоатӣ, волидон ва ҷавонон ботантана истиқбол гирифтанд.
Ба ҷавонон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, ба омӯзгорон ва волидони онҳо миннатдорӣ баён карданд.
Хидмати матбуоти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят.
Дастаи “Соҳибқирон” ғолиб гардид
