ФИФА метавонад баргузории Ҷоми ҷаҳонии соли 2034-ро бинобар сабаби моҳи Рамазон ба моҳи январи соли 2035 мавқуф гузорад. Дар ин бора The Athletic хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ФИФА метавонад қарор қабул кунад, ки Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки бояд зимистони соли 2034 дар Арабистони Саудӣ баргузор шавад, ба таъхир гузошта шавад. Сабаб ин аст, ки моҳи мубораки Рамазон ба моҳҳои ноябр ва декабри соли 2034 рост меояд.
Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 дар фасли тобистон баргузор намешавад, зеро ҳарорати ҳаво дар Арабистони Саудӣ дар ин фасл метавонад то +52°C расад. Қаблан ФИФА ҳамин сабабро дар соли 2022 низ ба назар гирифта, Ҷоми ҷаҳонро дар Қатар фасли зимистон баргузор карда буд. Он мусобиқа аз 20-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 баргузор шуд.
Ҳамин тавр, Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 метавонад аввалин мусобиқаи таърих гардад, ки дар соли тоқ (ғайриҷуфт) баргузор мешавад.
