Ovozi.uz

ТАБИАТ МОРО ТАБОБАТ МЕКУНАД

Имсол ман ба синни 76 қадам гузоштам. Бисёриҳо ба ман нигариста, ҳайрон мешаванд ва сирри ҷавон тофтану бардаму бақувват буданамро мепурсанд.
Вақте аз Ибни Сино пурсиданд, ки доруи дарозумрӣ чист? Ибни Сино дар ҷавоб гуфтааст, ки шуғли доимӣ бо варзиш метавонад саломатиро мустаҳкам созад.
Ҳар кас рӯзе ҳадди ақал 30 дақиқа бояд бо варзиш шуғл варзад. Ман ин машғулотро ба одати ҳаррӯзаи худ табдил додаам. Боз ҳар пагоҳӣ сарамро ба поён — ба болои матои нарме такя дода, бо ёрии ангуштон пойҳоямро ба боло рост нигоҳ медорам. Ин амалро аз ним дақиқа то 3 дақиқа давом медиҳам. Ҳангоми ин машғулот вазн ба қисми гардану сар меафтад. Хун то сар меояду пеши роҳи дар рӯй пайдо шудани ожангҳоро мегирад.
Ғайр аз ин, баъди тарбияи бадан, ҷуқур нафас кашида, онро то 20 сония нигоҳ дошта, баъд хориҷ мекунам. Дар ин маврид шуш пур шуда, ҳатто ҳавои тозаи оксиген ба чашму хун мерасад. Хулоса, варзиш хунро моеъ мегардонад ва дар натиҷа, гирифторшавӣ ба фишори баланди хун ва сактаи дил кам мешавад.
Бояд гуфт, ки саҳархезӣ низ барои саломатӣ ниҳоят муҳим аст. Вақти аз хӯрокхӯриҳои бетартибона даст кашидан расидааст.
Ҳаким Ибни Сино мегӯяд, ки агар дар як сол чор фасл бошад, ҳамон фаслҳоро ба ду тақсим намо. Яъне аз моҳи декабр то май гӯшту хӯрокҳои пурғизоро истеъмол кун, лекин аз моҳи июн то моҳи ноябр, ки вақти пухтани сабзавоту меваҳо аст, бо истеъмоли меваю зироатҳои полизӣ ва сабзавот қаноат намо. Зеро, меваву сабзавот аз витаминҳо бой буда, аз хӯрдани онҳо баданатон ҳузр мекунад. Ин гуфтаҳои Синои бузург ҳоло шиори зиндагии ман аст.
Ман, ки дар оғӯши кӯҳу табиати зебои Оҳалик таваллуд шуда, зиндагонӣ мекунам, бояд рӯирост иқрор шавам, ки табиат ҳам одамро табобат мекунад.
Танҳо аз неъматҳои он оқилона истифода бурдан лозим аст. Ман аз ҷавонӣ ҳафтае як бор ва ё дар ду ҳафта як маротиба аз саҳар то бегоҳ вақтамро дар оғӯши кӯҳу дараҳо мегузаронам. Ин баробари ба ман бахшидани рӯҳи тоза, организмамро аз ҳар гуна моддаҳои зараровар тоза мекунад. Ҳамон рӯз бо ним литр ҷурғот ва як пора кулчаи ширин қаноат мекунам.
Дар ин гуна рӯзҳо гиёҳҳоро меомӯзам. Хусусиятҳои табобатии онҳоро месанҷам. Масалан, гиёҳи мухаллас мавҷуд аст, ки агар онро одам ба ҷойи чой дам карда нӯшад, рагҳои хунгардро васеъ карда, хунро моеъ месозад. Бинишро хубу хотираро мустаҳкам мегардонад. Инчунин, хобатонро бароҳат мекунад.

Ҳазрат ҲАМРОҚУЛОВ,
сокини маҳаллаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд