Ovozi.uz

Ба Садорати таълими томактабӣ ва мактаби вилояти Самарқанд роҳбари нав таъин гардид

Дар Садорати таълими томактабӣ ва мактаби вилояти Самарқанд бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бахшида ба самаранокии корҳои амалигардида дар соҳаи таълими миёна ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки солҳои охир ба соҳаи таълим диққати махсус дода шуда, сохтмони муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ ва мактабҳо, таҷҳизонидани онҳо ва боло бурдани нуфузи омӯзгорон ба масъалаи афзалиятнок табдил ёфтааст.

Аммо фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, эътибори кам ба масъалаҳои муҳими таълимоти ҷавонон, коҳиши иштироки хонандагон дар дарсҳо, нишондиҳандаҳои баҳодиҳӣ дар соҳаи маориф, иштироки хонандагон дар озмунҳои гуногун, қабули онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва паст будани сатҳи таълим дар муқоиса бо минтақаҳои дигар аз ҷониби роҳбари вилоят мавриди танқид қарор гирифт.

Дар ҷамъомад, тибқи фармони дахлдори Вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таъин гардидани Музаффар Ҳамдамов ба вазифаи роҳбари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят эълон шуд.