Рӯзҳои 6–7‑уми ноябр сессияҳои якуми Шӯроҳои намояндагони халқи шаҳру ноҳияҳо, даъвати ҳафтум баргузор гардиданд.
Дар сессияҳо қарорҳои ҳокими вилоят роҷеъ ба таъйин намудани ҳокимони шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардида, тасдиқ карда шуданд. Аз ҷумла, дар сессияи якуми Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд, даъвати ҳафтум ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирок намуда, ҳокими шаҳр эълон гардидани Фазлиддин Умаровро маълум ва қарори мазкурро ба муҳокимаи депутатҳо тақдим кард.
Номзад ба ҳокимии шаҳри оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа тақдимот пешкаш намуд. Намояндагон дар бораи номзад фикрҳояшонро баён карданд.
Дар сессия қарори ҳокими вилоят дар бораи таъйин намудани Умаров Фазлиддин Каримович ба вазифаи ҳокимии шаҳри Самарқанд тасдиқ карда шуд.
Ҳокимони шаҳру ноҳияҳои вилоят тасдиқ шуданд
