Рӯзи 23‑юми октябри соли равон сессияи яксаду чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Сессияи мазкури охирини даъвати шашум бо мадҳияи давлатӣ оғоз ёфт.
Намояндагони халқ аввал ҳисоботи сардори Сарсадорати роҳҳои автомобилгарди вилоят Аҳад Ӯроқовро дар бораи иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои таъмини бовариноки бехавфии инсон дар роҳҳои автомобилгард ва якбора кам кардани ҳолатҳои марг» таҳти рақами ҚП‑190 дар вилоят шуниданд.
Қайд гардид, ки дар вилоят барои иҷрои қарор корҳои муайянро амалӣ намудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади пурра ба идораи рақамӣ гузарондани чорраҳаҳои шаҳри Самарқанд корҳои ба сохтори идораи рақамӣ гузарондани 150‑то объекти чароғаки роҳ (светофор) амалӣ мешаванд. Дар роҳҳои истифодаи умумии дар ҳолати 1‑уми октябри соли равон 2009 дона нишонаи роҳ, 18 дона светофор гузошта шуданд. Дар ҷойҳои аҳолӣ бисёри ноҳия ва шаҳрҳо дар се соли охир 33 чароғаки роҳ, ки худи пиёдагардон идора мекунанд, гузоштаанд. Дар гӯшаҳои аҳолинишин барои ҳаракати пиёдагардон ва велосипедронҳо 33 километр пайроҳа сохтаанд. Фаъолияти 2 дона тарозуи сайёр, ки параметрҳои вазни автомобилҳои боркашро назорат мекунад, роҳандозӣ гардид. Соли равон дар қаламрави вилоят 365 километр роҳҳои истифодаи умумии автомобилгард таъмир карда шуданд. Инчунин, дар 18‑то пул (кӯпрук) корҳои таъмири амалӣ гардиданд.
Дар ҳисобот роҷеъ ба корҳои таъмирӣ дар роҳҳои автомобилгарди М37 ва М39, ки аз ҳудуди вилоят мегузаранд, низ маълумот дода шуд.
Вале, сардори сарсадорат ба саволҳои намояндагони халқ роҷеъ ба чӣ қадар самара додани чорабиниҳои мазкур ба таъмини бехавфии инсон дар роҳҳои автомобилгард ва якбора кам кардани ҳолати марг дар онҳо ва ғайра ҷавоб дода натавонист. Инчунин, таҳлил накардани ҳолати роҳҳои вилоят ва дар натиҷаи ин рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, муайян нашудани чораҳои зарурӣ танқид карда шуд. Аз ин сабаб намояндагони халқ дар ҳоли ворид намудани маълумотҳои зарурӣ аз нав тайёр кардани онро қайд ва ҳисоботро қабул накарданд. Дар сессияҳои ояндаи Шӯро баррасӣ намудани масъалаи мазкур муайян гардид.
Сипас, дар сессия сардори Сарсадорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғли вилоят Темур Махмудов роҷеъ ба иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9‑уми январи соли 2024 «Дар бораи барномаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ва расондани ёрӣ ба шуғли аҳолӣ дар соли 2024», таҳти рақами ҚП‑7 ҳисобот дод.
— Дар давоми ҳашт моҳи гузашта дар доираи Барномаи шуғл масъулон ба платформаи «yangiish.mehnat.uz» аз рӯи соҳаҳо дар бораи таъмини шуғли 297,7 ҳазор нафар аҳолӣ маълумот ворид карданд, — гуфт Т.Маҳмудов. — Ҳангоми муқоисаи ин маълумотҳо бо базаи кумитаи андоз муайян гардид, ки маълумотҳо роҷеъ ба 43,7 ҳазор нафар шаҳрванд дар ҳисоботҳои андоз акс карда нашудаанд.
Нақшаи ҳаштмоҳаи бар асоси барнома муайяншуда дар миқёси вилоят ба ҷои 218,9 ҳазор дар амал ба 254 ҳазор иҷро гардида бошад ҳам, дар баъзе ноҳияҳо нақшаи аз рӯи соҳаҳо муайяншударо иҷро накардаанд. Мисол, дар ҷойҳои кории нави аз ҳисоби лоиҳаҳои дар доираи барномаҳои инвеститсиявӣ амалишуда, нақшаи таъмини шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои Оқдарё ба 44 дарсад (ба ҷои 328‑то 145‑то), Пайариқ 87 дарсад (ба ҷои 152‑то 132‑то) иҷро шудааст.
Дар рафти баррасии ин масъала намояндагони халқ роҷеъ ба дуруст тайёр кардани ҳисоботҳо, кор бо шуғли ғайрирасмӣ, таълими шаҳрвандони дар мигратсия буда ва ҳифзи манфиатҳои онҳо пешниҳод ва тавсияҳо баён намуданд.
Дар сессия масъалаҳое чун додани рухсат ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоат, истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят, созиши консепсияи лоиҳаи боз ҳам ривоҷдиҳии инфрасохтори телекоммуникатсия дар вилояти Самарқанд дар доираи лоиҳаи «Рушди шабакаҳои фиристодани маълумотҳои мобилӣ ва симии ширкати саҳҳомии «Ozbektelekom» ва ғайра низ баррасӣ гардида, роҷеъ ба онҳо қарорҳо қабул карда шуданд.
Дар анҷоми сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э.Турдимов ба намояндагони халқ барои фаъолияти босамарашон дар панҷ соли гузашта миннатдорӣ баён кард.
Дар тӯли панҷ сол 104 сессияи Шӯро баргузор гардидааст. Дар ин сессияҳо 815 масъала баррасӣ шудаанд. Аз ҷумла, 259‑то ҳисобот, 65‑то ахборро шунида, 59‑то қарори ҳокимро тасдиқ карданд.
Депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят дар даври гузашта ба органҳои иҷро беш аз 1490‑то пурсиши депутатӣ фиристодаанд. Аз шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ ба намояндагони халқи Шӯрои вилоят 2328‑то муроҷиат омадааст ва 1577‑тои онҳо ҳал шудаанд.
Раиси Шӯро ба шахсоне, ки дар интихоботи рӯзи 27‑уми октябр номзадиашон ба депутатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод гардидааст омад хост. Ба як гурӯҳ намояндагони халқи фаъол ва ташаббускор ташаккурномаҳои ҳокими вилоят супурда шуданд.
Дар панҷ сол 104 сессияи Шӯро гузаронида шуд
