Ovozi.uz

Мулоқот бо ҳайати вакилони ИМА

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо ҳайати вакилони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти корӣ доир намуд. Ба ҳайати вакилон нозири ғазнаи штати Иллинойс, ходими сиёсӣ — Сусана Анҷелина Мендоза сардорӣ мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки моҳи апрели соли равон ҳайати ҳокимияти вилояти Самарқанд ба штати Иллинойс сафар карда, дар доираи як барномаи байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба як қатор мулоқотҳои судманд гузаронида буданд.

Дар вохӯрии имрӯза қайд гардид, ки сафари мазкури меҳмонони амрикоӣ дар инкишофи минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ аҳамияти калон дорад.

Ҷонибҳо ба ҳамдигар тақдимотҳои муаррификунанда дар бораи вилояти Самарқанд ва штати Иллинойсро пешкаш намуда, маълумоти муфассал доданд. Ба дурнамои ҳамкории шаҳрҳои бостонии Самарқанд ва Чикагои муосир, фароҳам овардани имкониятҳои бузург барои мубодилаи таҷрибаҳои судманди ҳарду шаҳр таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар таркиби ҳайати вакилони Амрико соҳибкорони ӯзбекистонию қирғизистонӣ низ буданд, ки солҳои тӯлонӣ дар Чикаго бомуваффақият фаъолияти худро пеш мебаранд. Онҳо омодагии қатъии худро барои густариши фаъолияти соҳибкории худ дар Самарқанд изҳор намуданд. Ҳамчун самтҳои асоси технологияҳои ахбор, логистика, сохтмон ва иқтисоди замонавӣ, инчунин системаҳои дигари ояндадор қайд карда шуд.

Адиз Бобоев ба меҳмонони амрикоӣ таъкид намуд, ки ҳокимияти вилояти Самарқанд ҳама гуна ташаббусҳои созандаеро, ки ба рушди босуръати иқтисоди минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратии Ӯзбекистону Амрико нигаронида шудааст, комилан дастгирӣ мекунад.