Чорабиниҳо бахшида ба рӯзи таваллуди Президенти нахустини Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилоятамон аз зиёрати мақбараи Ислом Каримов дар маҷмааи Ҳазрати Хизри шаҳри Самарқанд оғоз ёфт.
Бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳрҳо, фаъолон ва намояндагони ҷамоатӣ Қуръон тиловат карда шуд.
Ташаббусҳои Ислом Каримов барои таъсиси давлати соҳибистиқлоли Ӯзбекистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ, баҳри саодати халқи мо, корҳои созандагиву бунёдкориаш дар Самарқанд ёдовар шуданд.
Сипас ба пояи муҷассамаи Ислом Каримов, ки дар майдони Регистон ҷойгир аст, гулчанбарҳо гузошта шуданд.
