Бо ташаббуси ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов таҳти ҳамкории ҳокимияти вилоят, Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо, Агентии кор бо ҷавонон бо мақсади дастгирии ғояҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои стартапи ҷавонони самарқандӣ «Озмуни лоиҳаҳои стартап» эълон гардида буд.
Дар Маркази ҷавонони Самарқанд тақдимоти ғояҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои стартапи беш аз 70 нафар ҷавонон бо иштироки ҳокими вилоят, намояндагони идора ва ташкилотҳои мутасаддӣ аз назар гузаронида шуда, лоиҳаҳои ояндадор интихоб ва ба маблағгузорӣ тавсия гардиданд.
Аз ҷумла, Фаррух Абдурасулов, мудири лабораторияи илмии биотехнологияи молекулярӣ ва тадқиқоти муосири ботаникии Институти биохимияи назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои лоиҳаи «Бунёди плантатсияҳои гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли фитопрепаратҳо ва иловаҳои биологии фаъоли ғизо», ки талабот ва самараи нав дорад, барои лоиҳа ва замини кишти растаниҳои шифобахш 100 миллион сӯм дархост кард.
Ҳадафи асосии лоиҳа истеҳсоли фитопрепаратҳои безарар ва иловаҳои биоактивӣ, ки ҷои доруҳои синтетикии сунъиро мегиранд, инчунин дар ошхонаҳои донишгоҳҳо таъсис додани фитобарҳои доимӣ буда, таклифи олими ҷавон аз ҷониби ҳокими вилоят маъқул дониста шуд. Ба масъулон ҷудо кардани замин барои кишти гиёҳҳои шифобахш дар ноҳияи Ҷомбой супориш дод ва таъкид кард, ки ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд Ҷасур Ризаев ба ин лоиҳа кӯмаки молӣ мерасонад.
Шаҳзод Раҳмонови пайариқӣ ба роҳандозӣ намудани лоиҳаи «Айнаки ақлнок» барои нобиноён ба 40 миллион сӯм ниёз дорад. Ин лоиҳа маълумоти сабтиро дар бораи объектҳои муҳити атроф бо истифода аз гӯшмонакҳо тавассути зеҳни сунъӣ таъмин мекунад. Ба ин лоиҳа низ ёрии амалӣ расонида шуд.
— Ман лоиҳаи «Gid robot»-ро таҳия кардам, ки дар бораи ёдгориҳои меъморӣ маълумот медиҳад, — гуфт Абдуҷалил Бобомаликов, донишҷӯи факултаи системаҳои зеҳнӣ ва технологияҳои компутерии Донишгоҳи давлатии Самарқанд. — Аз роботи роҳнамо бонкҳо ва корхонаҳои калон ҳам истифода бурда метавонанд. Аммо ин лоиҳа барои сайёҳони хориҷие, ки ба кишварамон меоянд, хеле муфид мебошад. Барои сохтани робот 30 миллион сӯм даркор буд. Ҳокими вилоят дар роҳандозии лоиҳа кӯмак кардани роҳбари маҷмааи Регистон Хонқул Самаровро маълум кард.
Эркинҷон Турдимов бо баромади ҳар як ҷавон шинос шуда, лоиҳаҳои ояндадорро дастгирӣ ва барои иҷрои онҳо масъулонро таъин намуд.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят.
