Рӯзи 22-юми январ дар вилоят аз рӯйи тақдими тавсияномаи ҳарбӣ ба хидматчиёни ҳарбӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмати муддатноки ҳарбиро адо мекунанд, санҷишҳои тестӣ оғоз гардид.
Санҷишҳои тестӣ дар ҳамкорӣ бо вазорат ва идораҳои дахлдор дар худи ҳар як қисми ҳарбӣ идома дорад.
Шумораи умумии саволҳои тестӣ, ки барои хидматчиёни муддатноки ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 100-то буда, аз онҳо 40-то оид ба омодагии ҷангӣ, 20-то аз рӯйи омодагии маънавӣ-маърифатӣ, 10-то аз математика, 10-то аз фанни физика ва 20-то саволҳои мантиқӣ мебошад.
Шаҳрвандоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хидмати муддатноки ҳарбиро гузашта, соҳиби тавсияномаи ҳарбӣ мешаванд, ҳуқуқҳои зеринро ба даст меоранд:
— ҳангоми дохил шудан ба самтҳои таълими дахлдори муассисаҳои таълими олии ҳарбии ҷумҳурӣ ба андозаи 50 фоизи холҳои аз рӯи натиҷаи санҷишҳо ҷамъовардаашон, холҳои иловагӣ ҳамроҳ карда мешавад;
— дар қабул ба зинаи бакалаври муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ (ғайр аз муассисаҳои таълими олии ҳарбӣ) дар доираи нишондиҳандаҳои алоҳидаи қабул, ки ба ғайр аз параметрҳои қабули муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ ҷудо карда мешаванд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Тавсияномаҳо пас аз тақдим дар давоми се сол амал мекунанд.
Ёдовар мекунем, ки санҷишҳои тестӣ дар вилоят то анҷоми моҳи феврали соли ҷорӣ идома меёбад.
Воҳид СИРЛИБОЕВ, савари шӯъбаи вилоятии Агентии баҳодиҳии дониш ва таҷрибаҳо
Санҷишҳои тестӣ барои тавсияномаи ҳарбӣ оғоз гардид
