Ovozi.uz

Ҷоми Осиё-2023. Тоҷикистон ба даври навбатӣ роҳхат гирифт

Дар Ҷоми Осиё баҳсҳои навбати сеюм (охирин) — и гурӯҳи А баргузор гардиданд.
Мизбон Қатар ба ивази суперголи Ал Ҳайдос (дар дақиқаи 66) Чинро мағлуб карда, дар гурӯҳ бо нишондоди 100 фоиза ба 1/8-финалӣ баромад.
Дебютанти мусобиқа Тоҷикистон ҳам Лубнонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, дар гурӯҳ ҷойи дуюмро соҳиб шуд ва ба марҳилаи1/8 роҳхат гирифт.
Ба тӯбҳо Жради (Лубнон, дақиқаи 48), Умарбоев (дақиқаи 81) ва Ҳамроқулов (дақиқаи 90+2) муаллифӣ карданд. Дар дақиқаи 54 футболбози лубнонӣ Қосим Зейн корти сурх гирифта, бозиро тарк кард.