Пеш аз 33-солагии Истиқлоли кишварамон дар ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд якчанд бинои нав ба истифода супурда шуд. Маҳаллаи Мустақиллики ноҳия то ҳозир бинои худро надошту биноеро ба иҷора гирифта буд. Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия сарпарастон ҷалб гардиданд ва бо роҳи ҳашар барои маҳалла бинои алоҳида бунёд гардид.
Бинои нав ба замми доштани ҳамаи шарту шароитҳои мусоид барои ходимони ҷамоати шаҳрвандони маҳалла, сехи хурдакаки дӯзандагӣ ҳам дорад, ки барои ба касбу ҳунар омӯзонда шудани зан-духтарон ташкил карда шудааст.
Барои пункти тиббии оилавии «Деҳқонобод»-и Пахтакор, пункти тиббии оилавии «Алами»-и Туркистон ва «Накурт» — поликлиникаи оилавии рақами 22, ки ҳар се ҳам филиалҳои Иттифоқи тиб мебошанд, биноҳои нав бунёд гардида, расонидани хидмати тиббии сифатнок ба аҳолӣ ба роҳ монда шуд.
Ходимони масканҳои тиббии мазкур, ки дар минтақаҳои дурдаст, кӯҳӣ ва даштии ноҳия қарор доранд, то ин дам дар биноҳои кӯҳнаи номувофиқ фаъолият нишон додаанд ва сифати хидмати тиббӣ ҳам ба ҳамин мувофиқ буд. Масалан, дар филиали «Деҳқонобод» 2 нафар духтури оилавӣ ва 13 нафар ходими тибби миёна ба 6500 ҳазор аҳолӣ хидмат нишон медиҳанд. Минтақаи хидматии филиал 7 километрро ташкил медиҳад.
Филиалҳои «Алами» ва «Накурт» ҳам ба саломатии зиёда аз 6 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои Дӯстлик ва Накурт масъул буданд, вале базаи техникаи моддии пунктҳои тиббӣ ва сифати хидмат ба талаб ҷавобгӯ набуд. Ҳоло дар ин ҷойҳо ҳам барои ходимони тиб ва аҳолӣ шароитҳои ҳамаҷониба мусоид офарида шуд. Боиси эътироф аст, ки ҳар се бино ҳам бо сарпарастии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “SXF construction group” бунёд гардида, ба аҳолӣ тӯҳфа карда шуд.
Дар маросими кушодашавии биноҳо масъулони Садорати ҳифзи тандурустии вилояти Самарқанд ва ҳокимияти ноҳия иштирок намуда, бо шароит ва имкониятҳои муассисаҳои нав шинос шуданд.
Ғ.ҲАСАНОВ
Дар Пайариқ биноҳои нав кушода шуданд
