Ovozi.uz

Масъулони хидматҳои ахборӣ дар Самарқанд

Иштирокдорони семинари таълимии муштараки котибони матбуоти вазорат ва идораҳои кишварҳои аъзои Созмони давлатҳои Туркӣ, ки дар мавзӯи «Хидматҳои ахборӣ — 2024: таҷрибаи миллӣ ва хориҷӣ» гузаронида шуд, рӯзи 30‑юми май ба Самарқанд омаданд.
Котибони матбуотӣ, ки дар ташкилоту корхонаҳои Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва диёри худамон фаъолият пеш мебаранд, дар мисоли хидмати ахбории ҳокимияти вилояти Самарқанд бо фаъолияти хидмати ахбории ҳокимиятҳои давлатӣ ва органҳои идоравӣ шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки қарори раисҷумҳури кишварамон аз 27‑уми июни соли 2019 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба таъмини истиқлоли васоити ахбори оммавӣ ва рушди фаъолияти хидмати ахбории идора ва ташкилотҳои давлатӣ» дар фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти васоити ахбори оммавӣ ва роҳандозии мулоқоти сифатнок миёни давлат ва ҷамъият мувофиқат кард.
— Бо мақсади таъмини қарори президентамон аз ҷониби ҳокимияти вилоят чораҳо амалӣ гардиданд, — гуфт роҳбари хидмати ахбори ҳокимияти вилоят Манучеҳр Мирзоев. — Ҷамоаи иборат аз ходимони эҷодӣ ва техникӣ ташкил карда шуд. Таҷҳизоти наву муосир харидем. Ҳоло дар хидмати матбуотӣ 8 видеокамера, 6 компутери видеомонтажи профессионалӣ, дрон ва дигар ускунаҳо мавҷуданд. Гурӯҳи мо ҳоло бо якчанд забон рӯзе аз 3 то 10 мавод омода менамоянд. Дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо саҳифаҳои худро дорем.
Имрӯзҳо дар 1520 ташкилоти вилоят барои вазъияти макони медиавӣ ва блогсфера масъулон таъин гардидаанд. Дар 1044 корхона штати котиби матбуот мавҷуд аст. Дар 476 корхона вазифаи котиби матбуот ба яке аз ходимон вогузошта шуда, барои ин ба ӯ то 50 фоиз пули иловагӣ дода мешавад.
Меҳмонон ҷойҳои муқаддас, ёдгориҳои меъморӣ-­фарҳангии Самарқандро зиёрат карданд. Бо масъулони хидматҳои ахбории ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мубодилаи афкор намуданд.
— Мо, ходимони хидмати ахбории кишварҳои аъзои Созмони давлатҳои Туркӣ бо фаъолияти ҳамдигар шинос шуда, таҷриба иваз мекунем, ки ин барои мо хеле муфид аст, — гуфт роҳбари хидмати ахбории «Осон»-и Озарбойҷон Элнур Нифталиев. — Бисёр чизҳоро меомӯзем, таҷрибаҳои беҳтаринро оммавӣ мегардонем. Дар давоми семинари таълимӣ бо фаъолияти хидмати ахбории органҳои давлатии кишвари шумо шинос шудем. Ҷиҳати ҷолиби диққати дигар ин аст, ки ба мо имконияти тамошои обидаҳои меъмории Самарқанд даст дод ва мо аз ин хеле шод ҳастем.

Ғ.ҲАСАНОВ.