Ovozi.uz

Вохӯрӣ бо ректорони муассисаҳои таълими олӣ

Ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо ректорони муассисаҳои таълими олии шаҳри Самарқанд вохӯрӣ баргузор намуд. Дар он масъалаҳои амалисозии вазифаҳои афзалиятноке, ки аз ҷониби Роҳбари давлатамон дар мулоқоти кушод бо ҷавонон муайян гардидаанд, баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ чораҳои мушаххас роҷеъ ба ҷалби донишҷӯён ба намудҳои гуногуни варзиш, баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавию маърифатӣ, густариши ҷаҳонбинии донишҷӯён ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ муайян карда шуданд. Ҳамчунин, таъмини шуғли хатмкунандагон, омода намудани онҳо ҳамчун мутахассисони соҳибихтисос мувофиқи талаботи бозори меҳнат ҳамчун вазифаи муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ҷамъомад ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти мунтазами варзишӣ ва дастгирии ғояву ташаббусҳои пешқадами ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Хусусан, зарурати рағбатнок гардонидани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва стартапҳои донишҷӯён, дастгирии онҳо аз ҷиҳати молиявию ташкилӣ, тавассути ҷудо намудани кредитҳои имтиёзнок равона сохтани ҷавонон ба фаъолияти даромадовар таъкид гардид.

Ҳокими вилоят ба масъулон супориш дод, ки дар ҳар як муассисаи таълими олӣ корҳои системавии натиҷабахшро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини шуғли ҷавонон ва рушди иқтидори онҳо нақшаҳои мушаххас таҳия намоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои муайяншуда ҳамкории зич ба роҳ монда шавад.