Ovozi.uz

Шоҳроҳи нави Тошканд — Самарқанд: сармоягузорӣ ба ояндаи иқтисоди кишвар

Рӯзи 22‑юми июл Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ӯртачирчиқ ва шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд бо рафти корҳое шинос шуд, ки дар соҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, технологияҳои рақамӣ, саноат ва шаҳрсозӣ амалӣ мешаванд, ҳамчунин ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшид.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин сафар маросими гузоштани капсула ба пойдевори сохтмони шоҳроҳи нави пулакии муқобили Тошканд — Самарқанд буд. Ин тарҳ яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохтории солҳои охир маҳсуб шуда, ҳадафи он рушди низоми нақлиётӣ, баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа тақрибан 2,2 миллиард доллар буда, дарозии шоҳроҳ 282 километрро ташкил медиҳад. Дар доираи он 92 пул, 28 гузаргоҳи роҳ ва 60 гузаргоҳи нақбмонанд сохта мешаванд. Роҳи нав бо рӯйпӯши бетонии яклухт сохта шуда, барои ҳаракати нақлиёти вазнин ва суръатбаланд мутобиқ гардонида мешавад. Дар қитъаҳои ҳамвор имкони ҳаракат бо суръати то 150 километр дар як соат фароҳам оварда хоҳад шуд.

Муҳимтарин натиҷаи амалии лоиҳа коҳиш ёфтани вақти сафар байни Тошканд ва Самарқанд мебошад. Пас аз ба истифода дода шудани шоҳроҳ, ин масофа ба ҷойи 5 соат ҳамагӣ дар 2,5 соат тай карда мешавад. Илова бар ин, роҳ дар як шабонарӯз метавонад аз 60 ҳазор то 80 ҳазор воситаи нақлиётро қабул намояд.

Тибқи ҳисобҳо, пас аз ба истифода додани шоҳроҳи нав арзиши ҳамлу нақли бор 20–24 дарсад коҳиш меёбад. Ин барои соҳибкорон ва ширкатҳои логистикӣ маънои кам шудани хароҷот ва баланд шудани рақобатпазирии иқтисодиро дорад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар он назаранд, ки ҳар як доллари ба чунин лоиҳаҳои инфрасохторӣ сарфшуда метавонад то панҷ баробар ба иқтисодиёт бозгардад. Пешбинӣ мешавад, ки шоҳроҳи нав ба афзоиши 3‑фоизаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқанд мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, дар канори шоҳроҳ марказҳои логистикӣ, анборҳо, корхонаҳои саноатӣ ва агросаноатӣ, марказҳои савдо, хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва иншооти сайёҳӣ бунёд хоҳанд шуд. Барои 13 ноҳия, ки зиёда аз 2 миллион нафар аҳолӣ доранд, ин тарҳ имконияти таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва пайдо шудани манбаъҳои нави даромадро фароҳам меорад.

Бо дарназардошти ҳаҷми сармоягузорӣ, хусусиятҳои техникии муосир ва натиҷаҳои пешбинишуда, шоҳроҳи нави Тошканд — Самарқанд на танҳо як роҳи автомобилгард, балки лоиҳаи стратегии рушди иқтисодӣ ва логистикии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Ин тарҳ метавонад ба беҳтар шудани ҳамлу нақл, рушди соҳибкорӣ, афзоиши гардиши бор ва таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун маркази муҳими транзитӣ дар минтақа хизмат намояд.