Ovozi.uz

Ташкилоти таълими томактабии «Янги авлод» таъсис дода мешавад

Фармони дар санаи 5‑уми феврали соли 2026 имзогардидаи Роҳбари давлатамон «Дар бораи чораҳои ислоҳоти системаи таълиму тарбияи томактабӣ», дар кишварамон рушди низоми таълими томактабии пурра навро пешбинӣ мекунад.

Ҳуҷҷати мазкур ислоҳоти муҳимеро дар бар мегирад, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, васеъ намудани фарогирӣ ва роҳандозии муносибатҳои педагогии замонавӣ дар низом равона шудаанд.

— Мувофиқи фармон, барномаи гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб дар давоми як сол ҳамчун зинаи ибтидоии ҳатмии таълими умумӣ муайян карда шуд, — гуфт Собир Мирзоев, ҷонишини роҳбари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд. — Минбаъд раванди омодагӣ ба мактаб барои кӯдакони 6‑сола дар асоси системавӣ ва ҳатмӣ ташкил карда мешавад. То ҳол дар вилоят сатҳи фарогирии кӯдакон ба гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб 97 дарсад буд, акнун фарогирӣ пурра таъмин хоҳад шуд.

Аз соли хониши 2027–2028 ҷараёнҳои таълим дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактабро педагогҳои дорои маълумоти олӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ мегузаронанд. Ба кӯдакон дар шакли стандарти давлатӣ шаҳодатномаи электронӣ дода шуда, маълумоти онро дар шаҳодатномаи таълими умумӣ сабт мекунанд.

Гурӯҳҳои омодагӣ метавонанд дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар объектҳои соҳаи иҷтимоӣ бо шакли пурра ё мӯҳлати кӯтоҳ ташкил шаванд. Ба муассисаҳои ғайридавлатӣ низ ба таъсиси чунин гурӯҳҳо иҷозат дода мешавад.

Дар фармон барои сифатан ба зинаи нав баровардани муассисаҳои таълими томактабӣ — бунёд намудани сохтори ташкилотҳои таълими томактабии «Янги Авлод» муайян карда шудааст. Дар ин кӯдакистонҳои замонавӣ Маркази инноватсионии рушди кӯдакон таъсис дода мешавад.

Дар боғчаҳои «Янги авлод» барои кӯдакон мувофиқи синну ривоҷашон майдонҳои соҳавӣ оид ба эҷод ва санъат, фан ва математика, фаъолии ҷисмонӣ, забон ва тасаввур, робототехника ва омӯзиши ибтидоии алгоритмсозӣ ташкил карда мешаванд. Ҳар як соҳа бо роҳбарии тарбиячиёни роҳбалад фаъолият намуда, на танҳо ба кӯдакон, балки ба волидону дигар омӯзгорони боғча низ кӯмакҳои методӣ пешниҳод мекунад.

Хусусан, дар вилояти Самарқанд соли 2027 як муассисаи таълими томактабии «Янги авлод» сохта мешавад, ки ҳамчун муассисаи давлатӣ фаъолият хоҳад кард.

Ходимони маъмурӣ ва педагогии боғчаҳои «Янги авлод» тавассути озмун интихоб карда мешаванд ва ба онҳо ҳар моҳ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ моҳонаи иловагӣ ба маоши асосӣ ба андозаи 20 дарсад пардохт илова мекунанд.

Дар фармон ба такмили системаи омода кардани кадрҳои педагогӣ низ эътибори махсус дода мешавад. Аз соли хониши 2026–2027 дар муассисаҳои таълими олӣ барои тайёр кардани бакалаврҳо дар самти таълими томактабӣ ва ибтидоӣ таҷрибаи байналмилалии пешрафта ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, тавассути таҳсили дуалӣ ва шартнома педагогони дорои маълумоти миёнаи махсус маълумоти бакалавриро гирифта метавонанд.

Аз 1‑уми апрели соли 2026 дар ноҳия (шаҳр)-ҳо, ки сатҳи фарогирии таълимии томактабӣ камтар аз 80 дарсад бошад, ба субъектҳои соҳибкорӣ як қатор имтиёзҳо дода мешавад.

Хусусан, дар заминҳои холии муассисаҳои таълими томактабӣ ва умумии миёнаи давлатӣ бо усули шарикии давлат-­хусусӣ барои ташкил кардани боғчаҳо иҷозат диҳанд. Дар давоми 30 сол пардохти иҷора ситонида намешавад. Ба ҳар кӯдак дар боғчаи давлатӣ бо режими кории 9 соат барои як нафар тарбиятгиранда ба миқдори 50 фоизи хароҷот субсидия ҷудо карда мешавад.

Ин имтиёзҳо ба муассисаҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ, ки аз соли 2024 инҷониб таъсис ёфтаанд, низ татбиқ мегарданд. Вазоратҳои ваколатдор ҳар сол рӯйхати ҳудудҳои бо фарогирии қариб 80 дарсадро нав кунанд.

ӮзА