Дар вилоят ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва ба тарзи сайри умумимиллӣ баргузор гардид. Тантанаҳои асосии ид дар боғи марказии истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд ва кӯчае, ки ҳамин номро дорад гузашт.
Дар ҷараёни чорабиниҳо аз ҷониби маҳалла, корхона, ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин марказҳои милливу фарҳангӣ анъана ва арзишҳои неки Наврӯз ба намоиш гузошта шуда, бозиҳои халқӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишу ярмаркаҳо ташкил гардиданд.
Барномаи консертӣ, ки бо иштироки ҳунармандони вилоят ва пойтахт дар амфитеатри «Мӯъҷиза» ташкил гардид, шукӯҳи ҷашнро дучанд гардонд. Дар оғози чорабинӣ ҳокими вилоят Адиз Бобоев аҳли Самарқанд ва меҳмононро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт.
— Имсол мардуми вилоятамон Наврӯзро бо шодиву хурсандиҳои хоса ҷашн мегиранд, — иброз дошт А.Бобоев. — Дар арафаи ҷашн сафари Президенти кишвар ба Самарқанд ва муайян кардани вазифаҳои навбатӣ барои рушди минбаъдаи вилоятамон ва дар ҳама соҳа ба минтақаи намунавии кишвар табдил додани он ба мо илҳом ва нерӯи тоза бахшид. Бо ташаббуси Президентамон Маҷмааи Имом Бухорӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Дар шаҳри Самарқанд ба истифода супорида шудани шаҳраки креативии ҷавонон ва боғи ҷамоатӣ, инчунин ба кор даромадани беш аз сад лоиҳаи нав ба муносибати Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон ба мардум тӯҳфаи арзанда шуд.
Бояд гуфт, ки тантанаҳои Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳои вилоят низ бо рӯҳияи баланд гузаштанд.
Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт мунаввар
