Ovozi.uz

Уфуқҳои нави сайёҳӣ дар шаҳри ҳамешаҷавон

Соли сипаришуда дар таърихи соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон ҳамчун давраи гузариш ба марҳилаи сифатан нав сабт гардид.
Махсусан, дар ду соли охир аз кишварҳои гуногун ба шаҳри бостонии Самарқанд омадани сайёҳон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Меҳмонон аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қатар, Миср, Урдун, Марокаш ва мамлакатҳои дигар имрӯз Самарқандро ҳамчун «мероси зиндаи тамаддуни Шарқ» эътироф менамоянд.
Таваҷҷуҳи меҳмонон ба ин минтақа тасодуфӣ нест. Решаҳои ин тамоюл ба умқи таърих ва маънавият мепайванданд. Насли имрӯзаи олам, ки дар китобҳои дарсии худ дар бораи давраҳои тиллоии тамаддуни Мовароуннаҳр, давлатдории Сомониён ва Темуриён мутолиа намудаанд, Самарқандро таҷассуми зиндаи он донишҳои назариявӣ медонанд. Барои онҳо Самарқанд харитаи таърихист, ки дар воқеият ифода ёфтааст.
Номҳои бузургоне чун Имом Бухорӣ, Ибни Сино, Имом Тирмизӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Абурайҳон Берунӣ ва дигарон барои оламиён ошно мебошанд. Аз ин рӯ, сайёҳон ҳангоми зиёрати майдони Регистон, ба он на ҳамчун як иншооти меъморӣ, балки ҳамчун шоҳиди зиндаи шукӯҳи илму фарҳанги исломӣ менигаранд.
Сарфи назар аз ҷозибаи баланди таърихӣ, таҳлили вазъияти кунунӣ нишон медиҳад, ки барои боз ҳам устувор гардонидани мавқеи Самарқанд дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ, таваҷҷуҳ ба баъзе ҷанбаҳои инфрасохторӣ ва хидматрасонӣ муҳим аст. Аз ҷумла, ба андешаи мо эътибори ҷиддӣ ба ҷиҳатҳои зерин ба манфиати кор хоҳад буд:
1). Дар масъалаҳои молиявӣ ва мубодилаи асъор: гарчанде дар фурудгоҳи байналмилалӣ ва марказҳои бузурги сайёҳӣ нуқтаҳои мубодилаи асъор мавҷуданд, аммо дар маркази шаҳр фаъолияти бонкҳо пас аз соати 17:00 ва дар рӯзҳои истироҳат қатъ мегардад. Ин ҳолат барои сайёҳоне, ки шомгоҳон ба сайру гашт мебароянд, ноқулайиҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Ташкили нуқтаҳои мубодилаи асъори 24/7 дар марказҳои стратегии шаҳр амри зарурӣ мебошад.
2). Намоиши анъанаҳои миллӣ, яъне интерактивият: сайёҳони муосир намехоҳанд танҳо бинанда бошанд, онҳо хоҳиши иштирок дар ҷараёнҳои фарҳангиро доранд. Масалан, дидани пухтани нони машҳури Самарқанд дар танӯр барои хориҷиён шавқовар аст. Мутаассифона, аксари нонвойхонаҳои мо барои қабули сайёҳон ва намоиши ин ҷараён мутобиқ нашудаанд.
3). Фарҳанги гигиена ва хидматрасонӣ: яке аз нуқтаҳои муҳимтарин барои сайёҳон риояи меъёрҳои баланди гигиенаи шахсӣ мебошад. Дар қисми зиёди тарабхона ва марказҳои хидматрасонии Самарқанд шароити муносиби санитарӣ, аз ҷумла мавҷуд набудани таҷҳизоти обӣ (души гигиенӣ) дар ҳоҷатхонаҳо ба мушоҳида мерасад. Ин омил барои сайёҳоне, ки тозагӣ бо обро ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти худ медонанд, мушкилии аввалиндараҷа ҳисоб меёбад.
Самарқанд аллакай тавонист бо гузаштаи пуршарафи худ диққати оламиёнро ба худ ҷалб кунад. Аммо барои он ки сайёҳ ба ин ҷо на як бор, балки борҳо баргардад ва ин кишварро ҳамчун макони дӯстдоштаи худ интихоб намояд, мо бояд фарҳанги меҳмоннавозии худро бо меъёрҳои замонавии хидматрасонӣ тақвият бахшем.
Такмили низоми мубодилаи асъор, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар қолаби намоишҳои сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи санитарию гигиенӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ метавонад Самарқандро ба яке аз марказҳои бебадали сайёҳии ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Таърих ба мо сарват додааст, акнун вақти он расидааст, ки бо тарзи истифодабарии замонавӣ ин сарватҳоро ба манфиати кишвар ва рушди иқтисодиёт ба кор барем.

Шавкатҷон АЪЛАМОВ, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд