Дар вилояти Самарқанд имрӯз корро метавон бидуни тарки хона пайдо кард. Дар бораи равишҳои нави шуғл ва натиҷаҳои соли 2026 мо бо сардори шуъбаи Сарраёсати коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ Фарҳод Ҳамроев суҳбат кардем. Мувофиқи маълумоти ӯ, танҳо дар моҳҳои январ–августи соли 2026 дар вилоят 616,1 ҳазор нафар бо шуғл фаро гирифта шуданд, ки ин 137 фоизи нишондиҳандаи муқарраршударо ташкил медиҳад.
— Нақшаи соли 2026 бо шуғли даромаднок таъмин кардани 617,7 ҳазор нафар буд, — таъкид кард ӯ. — Дар давоми ҳашт моҳ 70,1 ҳазор нафар соҳиби кори доимӣ шуданд. Ҳамчунин, чандин ҳазор сокини дигар ба шарофати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва хидматрасонӣ, рушди кишоварзӣ ва сохтмон манбаи даромад пайдо карданд. Дар ин ҷараён воситаҳои муосири шуғл нақши муҳим доранд. Аз ҷумла, барномаи «Oson Ish» имкон медиҳад, ки ҷойҳои корӣ ва пешниҳодҳои корфармоён дар шакли рақамӣ ҷустуҷӯ карда шаванд. Шаҳрванд метавонад пешниҳодҳои корфармоёнро бинад ва аз хона набаромада, кори мувофиқ пайдо кунад. Ин ҷараён ҷустуҷӯи корро тезтару қулайтар намуда, барои мустақиман пайваст кардани корфармоён бо корҷӯён мусоидат мекунад.
Воситаи дигар — «Uychi tajribasi» мебошад. Мақсади он дарёфти манбаи мувофиқтарини даромад бо дарназардошти имконият ва ниёзҳои ҳар як шахс: бо кор таъмин кардан, омӯзиш, соҳибкорӣ ва дигар шаклҳои шуғл аст.
— Ба шарофати ин равишҳо аз аввали сол дар самтҳои гуногун шуғли ҳазорон нафар таъмин карда шуд, — афзуд Ф.Ҳамроев. — Лоиҳаҳои соҳаи сармоягузорӣ барои 6,8, хидматрасонӣ барои 14,5, кишоварзӣ барои 8 ва сохтмон барои 2,6 ҳазор нафар ҷойи корӣ фароҳам оварданд. Ҳамчунин, 12,6 ҳазор нафар ба барномаи «Oson Ish» ҷалб шуданд ва ба шарофати «Uychi tajribasi» барои 25,7 ҳазор нафар имкони даромад ба вуҷуд омад.
Аз ҷумла, дар корхонаи «New tech Samarkand»-и ноҳияи Пастдарғам дар натиҷаи зиёд шудани истеҳсоли асфалт, 55 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Корхонаи нави истеҳсолӣ масоҳати чор гектарро фаро гирифта, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 50 ҳазор тонна асфалтро ташкил медиҳад.
Аз ҷумлаи мисолҳои дигар — ҶММ «XAMKOR LTD»-и Ургут мебошад, ки беш аз 40 нафарро бо кор таъмин кардааст.
Ҳамзамон, вилоят барои аз «соҳаҳои ғайрирасмӣ» баровардани шуғл низ чораҳо меандешад. Дар ҳашт моҳи соли равон фаъолияти меҳнатии 68,5 ҳазор нафар қонунӣ гардонида шуд. Дар натиҷаи санҷиши осоишгоҳи «Абуалӣ ибни Сино»-и ноҳияи Нуробод шуғли 123 нафар ва дар корхонаи муштараки «Daka-intex» шуғли 69 нафарро қонунӣ гардониданд.
Агар дар бораи афзоиши даромади аҳолӣ сухан гӯем, ин нишондиҳанда бештар дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасад: кишоварзӣ барои 229,5 ҳазор нафар ба манбаи даромад табдил ёфтааст. Аз фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ 95,7 ҳазор нафар даромад ба даст оварда, соҳаи хидматрасонӣ бошад, барои 57,8 ҳазор нафар манбаи даромад шудааст.
Ҳамзамон, аз рӯи ҳамаи самтҳои асосӣ иҷро ва барзиёд иҷро шудани нишондиҳандаҳои муқарраршуда ба қайд гирифта шудааст: дар соҳаи хидматрасонӣ — 129 дарсад, шуғл — 125 дарсад, бонкҳои тиҷоратӣ — 151 дарсад, кишоварзӣ — 149 дарсад, ҳифзи иҷтимоӣ — 113 дарсад, дастгирии оила ва занон — 134 дарсад.
З.ФАРҲОДОВА
