Ovozi.uz

Дарси таҳрир

Соли 2013. Дар рӯзномаи бачагонаи «Булбулча-доно» кор мекардам. Таҳририяти рӯзнома дар шаҳраки Гулобод, дар наздикии идораи рӯзномаи «Гулобод тонги»-и ноҳияи Самарқанд ҷойгир буд. Устод Бахтиёри Ҷумъа масъули саҳифаи тоҷикии «Субҳи Гулобод»-и рӯзнома буданд ва ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар ҷойи кор мешуданд. Ҳар ҳафта пешашон рафта, суҳбат мекардем ва супоришҳо гирифта, то ҳафтаи дигар аз пайи иҷро мешудам.

Дар яке аз чунин суҳбатҳо муаллим ба ман бастаи коғазҳоро доданд. Ба маънои «ин чӣ бошад?» ба муаллим рӯ овардам.

— Ин ҷо ҳикояҳои кӯтоҳи худро гирдоварӣ кардам. Ният дорам, дар шакли китоб чоп кунам. Мехоҳам ҳикояҳоро хонда, таҳрир кунед.

— Муаллим, мехонам, аммо таҳрир карда наметавонам.

— Не, — қатъӣ гуфтанд муаллим, — ҳам хатоҳои имлоиро ёбед ва ҳам таҳрир кунед.

Маҷмӯаи ҳикоётро хондам. Ҳикояҳо хонданӣ, омӯзанда ва ибратбахш буданд. Афсонаву бофтаҳои хаёлӣ не, саросар воқеӣ ба назар мерасиданд ва ҳар яке дар худ паҳлӯҳои гуногуни ҳаётро таҷассум мекард. Ҳафтаи дигар ҳикояҳоро баргардондам. Муаллим як аз назар гузаронида, ҷиддӣ нигоҳ карданд. Аз нигоҳи тези муаллим, ки ҳамеша бо меҳр нигариста, нарм мегуфтанд, хиҷил ва шалғамвор сурх шудам.

— Ба шумо ҳикояҳоро хонда, таҳрир кунед гуфта будам. Шумо чӣ кор кардед? Чанд хатои имлоиро ишора кардаеду халос.

— Муаллим, ман чӣ хел навиштаҳои шуморо таҳрир кунам? Охир…

— Одам дар таҳрир бояд сахтгир бошад. Ҳатто дар таҳрири навиштаҳои худ. Шумо ин ҳикояҳоро чун навиштаҳои душмани худ хонеду ҳикоётеро, ки мазмуну муҳтавои ҷолиб надоранд, бераҳмона хат занед.

Дубора маҷмӯаи ҳикояҳоро бо худ бурдам ва дар доираи имкону тавон таҳрир кардам. Ин бароям аввалин дарси таҳрир буд, ки то ҳол ба кор меояд.

Дертар ин ҳикоёти пандомӯз таҳти унвони «Гиреҳи армон» дар шакли китоби алоҳида чоп шуд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД

©️ Аз китоби »Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»