Ovozi.uz

Аз гулпарварӣ сӯи соҳибкорӣ

Муҳаббат ба табиат ва гулҳо метавонад на танҳо як шавқ, балки роҳи расидан ба муваффақият низ гардад. Инро дар фаъолияти сокини маҳаллаи Бунёдкори ноҳияи Тайлоқ Салима Баҳронова дидан мумкин аст. Ӯ муҳаббати худро ба гулпарварӣ ба касб табдил дода, имрӯз дар маҳалла ҳамчун яке аз соҳибкорони фаъол ва намунавӣ шинохта мешавад.

Салима Баҳронова бо тавсияи наздикон ва дастгирии онҳо дар 20 сотих қитъаи замин гармхона бунёд кард. Коре, ки аввал дар ҳаҷми хурд оғоз ёфта буд, имрӯз тадриҷан васеъ шуда, ба фаъолияти сердаромад табдил ёфтааст.

Ҳоло соҳибкор зиёда аз даҳ намуди гулҳои хонагиро парвариш намуда, онҳоро ба бозор пешниҳод мекунад. Ҳар як гул бо шароити махсуси нашъунамо, обёрӣ ва ғизодиҳӣ таъмин карда мешавад.

— Барои ба даст овардани маҳсулоти босифат сабр, меҳру муҳаббат ва меҳнати зиёд лозим аст, — гуфт Салима Баҳронова. – Айни замон дар гармхона қариб 60 ҳазор дона гули геранро парвариш мекунем. Он бар ба фурӯш омода аст. Ин гулҳо бо зебоӣ, рангҳои гуногун ва мутобиқ будан ба шароити хона дар байни харидорон талаботи зиёд дорад.

Дар кори гармхона Салима Баҳронова танҳо нест. Ба ӯ бародараш, падараш ва келинаш низ кӯмак мерасонанд. Дилгармии аъзоёни оила имкон медиҳад, ки корҳои гармхона самаранок ба роҳ монда шаванд. Ин на танҳо ба рушди соҳибкории оилавӣ, балки ба беҳтар шудани даромади оила низ хизмат мекунад.

Салима ният дорад дар оянда фаъолияти гармхонаро боз ҳам васеъ намояд. Ӯ мехоҳад намудҳои гулҳоро зиёд карда, боз навъҳои дигари гулро парвариш намояд ва тавассути рушди гулпарварӣ дар маҳалла барои дигарон низ ҷойи нави корӣ офарад.

Дар ҳақиқат, муҳаббат ба гул, меҳнати пайваста ва иродаи қавӣ метавонад инсонро ба комёбӣ расонад. Фаъолияти Салима Баҳронова намунаи равшани меҳнатдӯстӣ, бунёдкорӣ ва соҳибкории муваффақ мебошад.

Азизҷон ОРЗУМУРОДОВ, ноҳияи Тайлоқ