Ovozi.uz

Ӯзбекистон ба мардуми Эрон кумаки башардӯстона фиристод

Аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мардуми Эрон кумаки навбатии башардӯстона расонида шуд. Ин иқдом ифодаи амалии дӯстӣ ва ҳамдилии байни ду давлат гардид.

Кумаки башардӯстона асосан аз маҳсулоти зарурии аввалия, аз ҷумла орд, биринҷ, шакар, макарон, равғани офтобпараст, консервҳо, доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ иборат мебошад.

Дар маросими қабули ин борҳо намояндагони расмии Эрон, аз ҷумла ҳокими шаҳри Дарегаз Муҷтабо Бозмара, роҳбари идораи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар вилояти Хуросони Разавӣ Алӣ Маъсумифар ва сафири Эрон дар Туркманистон Алӣ Муҷтабо Рӯзбеҳонӣ иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ намояндагон барои таваҷҷуҳ ва кӯмаки нишон дода шуда ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори сипоси самимӣ карданд. Таъкид гардид, ки ин иқдоми хайр намунаи равшани дастгирии мутақобилаи халқҳо дар вазъиятҳои душвор мебошад.

Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамсоя ва бародар дар ҳолатҳои мушкил мунтазам кумаки башардӯстона мерасонад.