Ovozi.uz

Осорхонаи дар Осиёи Миёна ягона

Осорхонаи зоологияи Институти биокимиёи назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов дар ташаккули фарҳанг, мафкура ва тарбияи экологии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Осорхонаи мазкур соли 1934 аз ҷониби зоолог ва кишваршиноси машҳур Сергей Дал ва додари ӯ Поваров ташкил гардида, нахуст чун хонаи зоология таъсис ёфтааст. Дертар шумораи экспонатҳо афзуда, осорхона гардидааст. Ин осорхонаи ягона ва беҳамтои зоологӣ на танҳо дар Ӯзбекистон, балки Осиёи Миёна маҳсуб меёбад.
Ҳоло дар коллексияи илмии осорхона беш аз 5000 экспонат мавҷуд аст. Дар осорхона паррандагон (беш аз 3000_то), ширхораҳо (қариб 800_то), моҳиҳо (беш аз 200_то), хазандагон (беш аз 150_то), экспонатҳои остеологӣ (устухон ва скелетҳо — зиёда аз 50 адад) ва ҳашаротҳое, ки ба «Китоби Сурх»-и Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо дохил гардидаанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Дар байни экспонатҳо намудҳои тамоман нобудшудаи баъзе ҳайвонот низ мавҷуданд.
Яке аз экспонатҳои аҷибе, ки дар осорхона маҳфуз аст ва аксарияти тамошобинҳо онро бо шавқ тамошо мекунанд, скелети фил мебошад.
Аз рӯйи нақли масъулони осорхона дар даври Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ олмониҳо яке аз шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравиро ишғол карда, фили модинаеро, ки дар зоопарк нигоҳдорӣ мешуд, ба Боғи ҳайвоноти Берлин фиристоданд. Баъди ҷанг бо дархости ҳукумати советӣ филро бозгардондаанд.
Соли 1975 ҳангоми кӯчонидани ҳайвонҳо фил мемирад ва ҷасадашро ба дашт мепартоянд. Кормандони осорхона пас аз фаҳмидани он ки ҷасади фил партофта шудааст, онро пайдо карда, баъди коркард устухонҳояшро ба осорхона овардаанд. Аммо кормандони осорхона чӣ тавр васл кардани скелетро намедонистанд. Ба ин муносибат ҳайати вакилони махсус ба Ленинград рафта, тарзи ҷойгиршавии устухонҳоро муайян мекунанд ва баъди бозгашт онро ҷамъоварӣ менамоянд. Аз он вақт ин ҷониб скелет дар ин осорхона нигоҳ дошта мешавад.
Ғайр аз ин, боз яке аз экспонатҳои ҷолибу пурарзиши осорхона паланги Тӯрон мебошад, ки ҳоло дар табиат вуҷуд надорад. Онро ҳамватанони мо бори охир соли 1954 дар қамишзорҳои Амударё дидаанд. Ин экспонати осорхонаро соли 1935 аз қамишзорҳои соҳили Амударё дастгир кардаанд.
Ин осорхонаи зоология маркази калони илмӣ буда, барои олами ҳайвонотро амиқтар омӯхтани донишҷӯён хидмат мекунад. Ҳамасола аз ин маскан олимон, таҳқиқгарони ҷавон, таҳсилгирандагони мактабҳо, литсейҳои академӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои таълими олӣ, инчунин, меҳмонони хориҷӣ дидан карда, донишҳои зоологии худро зиёд мекунанд.

Адҳамбек НУРМАҲМАДОВ,
шунавандаи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»